Дар Суғд то 26-уми сентябр беш аз 44,9 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
26.09.2025
Oila.tj
163

Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии «тиллои сафед» босуръат идома дошта, то санаи 26-уми сентябр дар маҷмуъ 44 ҳазору 975,1 тонна пахта ғунучин шудааст. Ин нишондиҳанда 34,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, то имрӯз ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳо чунин ба қайд гирифта шудааст:

- ноҳияи Ашт – 4507,2 тонна (32,5%),

- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 6041,8 тонна (33,1%),

- ноҳияи Ҷаббор Расулов – 4742,8 тонна (37,9%),

- ноҳияи Зафаробод – 7804,2 тонна (24%),

- шаҳри Конибодом – 3901,8 тонна (31,1%),

- ноҳияи Мастчоҳ – 12093,7 тонна (44,2%),

- ноҳияи Спитамен – 5883,7 тонна (41,2%).

Гуфта мешавад, ки айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят беш аз 55 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён ҳамарӯза дар саҳро машғули ҷамъоварии пахта мебошанд.

Нақшаи истеҳсоли пахта барои вилояти Суғд дар соли ҷорӣ 131 ҳазору 300 тонна муқаррар гардидаст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД