Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе аз 1-ум то 3-юми майи соли равон бори сеюм Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» баргузор хоҳад гашт.
Барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» аллакай аз 34 кишвар 268 варзишгар номнавис шудаанд, ки 156 нафарашон мардон ва 112 тан занон мебошанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 39 варзишгар - 28 мард ва 11 зан шомил гаштаанд. Меҳрзод Суфиев, Рамзиддин Азизов, Лоиқ Қутбиддинов ва Икром Шамсов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Искандар Маҳмадхоҷазода ва Мусаниф Миробов дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ва Бинёмин Назиров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев, Бахтиёр Бозоров ва Суннатулло Мусоев дар вазни то 81кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Саидраҳим Раҳимов ва Туйчибек Шарипов дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров ва Азизҷон Акрамов дар вазни то 100 кг, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Муҳаммадрасул Давлатов, Умар Муносибов ва Мансур Раҳмонов дар вазни +100 кг байни мардон.
Ба ҳайати духтарон Нушин Ҷумъаева, Аҳлия Муъминова, Ҳоҷинисо Назарова ва Марям Назарова дар вазни то 48 кг, Суҳайло Сафарзода, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева ва Райҳонаи Розиқзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +70 кг мебошанд.
Варзишгарон дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.