Дар Туркия 7 зодаи Тоҷикистонро барои ҳамлаи террористӣ ба 101 ва 143 соли зиндон маҳкум карданд
10.02.2026
Oila.tj
267

Додгоҳи Туркия 2 шаҳрванди Тоҷикистонро барои ташкил кардани ҳамлаи террористӣ ба ибодатгоҳи “Марями муқаддас” ба 2 ҳукми абад ва 143 соли зиндон маҳкум намудааст. Дар ин бора ТАСС дар такя ба расонаҳои туркӣ хабар медиҳад.

Ҳамлаи террористӣ ба ибодатгоҳи “Марями муқаддас” рӯзи 28-уми январи соли 2024 рӯй дода, ду нафар ниқобпӯш ҳангоми маросим ба сӯйи ибодаткунандагон тир кушодаанд ва як шаҳрванди Туркия дар рафти тирандозӣ кушта шудааст. Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи мамнуъи "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифтааст.

Дар робита бо ин амали террористӣ зиёда аз 60 нафар боздошт шуда, нисбати 43 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта буд. Аз 3 гумонбари асосӣ 2 нафарашон - Амирхон Халиқов ва Одам Ҳамирзоев зодаи Тоҷикистон ва 1 нафари дигар - Довуд Тандуев шаҳрванди Россия будааст.

Додгоҳи Туркия ин 3 нафарро ташкилкунандагони асосии амали террористӣ номида, барои кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯроварӣ ва куштор бо ҳолатҳои вазнинкунанда ба ду ҳукми абад ва 143 соли зиндон маҳкум намудааст.

Панҷ шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Шамсулло Раҷабов, Алишер Раҳимов, Фаррух Солиев, Абдулазиз Абдуллоев ва Расул Аҳмадҷонов дар робита бо ин амали террористӣ ба 101 солу 6 моҳи зиндон маҳкум гаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД