arzon replenishment
ДАР ТӮЙ ШАҲНОЗАРО БӮСА КАРДАМУ БА АСКАРӢ ҒАЛТИДАМ!
30.06.2020
Р. Азимӣ
4717

 

Дар деҳаамон писари як муаллими номдор зан гирифту мо, ҷавонон ба тӯй тамошо рафтем. Шаҳнозаро дар бари арӯс дида, аксари бачаҳо беқарор шуданд, чунки қариб нисфи ҷавонони деҳа, аз ҷумла худи ман ҳам, чанд сол боз аз паси ин зебосанам давида, ҳеҷ дилашро ёфта наметавонистем.

Духтари мағрур касеро писанд намекард. Мабодо ҷавони ошиқе сари роҳашро бигирад, Шаҳноза дарҳол сангу чӯбро аз замин бардошта ба сараш мезад. Мағрурии духтар оташи шавқи мо, ҷавонони ошиқро бештар аланга медод. Бачаҳо байни худ шарт карда буданд, ки касе дили Шаҳнозаи нозанинро ёбад, ҳамчун “зӯри қишлоқ эътироф мешавад. Дар тӯйи дугонааш Шаҳноза худро орою торо дода, зеботар шуда буд ва мани ошиқ ошиқтараш гаштам. Ҳама саргарми рақсу шодӣ буданду ман аз симои ҷаззоби Шаҳноза чашм канда наметавонистам. Бачаҳо ҳолатамро мушоҳида намуда, писханд заданд: «Аъзам, зан кофта мегардӣ, ҳамин Шаҳнозаро гир!” «На самом деле, арӯсда гап набудай!” луқма партофт бачаи дигар.

“Духтари кӣ бошад? Адресоша гӯед, пагоҳ очаҷонма хонашон хостгорӣ равон мекунум” ба баҳс ҳамроҳ шуд як ҷавони ношинос. Дидам, ки талабгорони Шаҳноза лаҳза ба лаҳза зиёд шуда истодаанд, қарор додам, ки ҳамаашонро дар як дам боб карда, арӯси таърифиро соҳиб мешавам. Дар дил нақшаи чӣ тавр Шаҳнозаро соҳиб шуданро кашида ба мизи домоду арӯс наздик шудам ва дар пеши назари ҳама духтарро зӯран бӯса кардам.

Шаҳноза “шарманда шудам ” гӯён, рӯяшро бо кафи дастонаш дошта, гирякунон ба ман лаънат мехонд. Шаҳнозаро ба бӯсидан бӯсидам, вале ин бӯса балои ҷонам гашт. Бародаронаш дар тӯйхона буданд, онҳо дар як дам мисли балои осмонӣ ба сарам тохта, маро миёнагир карданд ва чунон заданд, ки даҳону биниам ғарқоби хун гашт. Тӯй дар як дам вайрон шуд.

Волидонам бо гиряву зорӣ ба зӯр мани ниммурдаро аз чанголи онҳо халос карда, кашон-кашон аз тӯйхона бароварданд. Мани хомхаёл гумон доштам, ки бо як бӯсаи маҷбурӣ Шаҳнозаро бадном мекунам ва падару модараш дар байни мардум шарманда шуда, духтарашонро ба ман медиҳанд, вале тирам хок хӯрд. Бародарони Шаҳноза ба лату кӯби мани сарсахт қонеъ нагашта, дарҳол ба милиса муроҷиат намуданд. Падару модарам илтиҷокунон ваъда медоданд, ки ҳатман ба хонаи падари Шаҳноза хостгор фиристода, духтарро келин мекунанд, вале бародарони Шаҳноза “ Хоҳарамонро дидаю дониста ба ин саги аҳмақ намедиҳем “ гуфта, якравӣ намуданду шикояташонро нагирифтанд.

Хуллас, оқибати ҷанҷоли бӯса ҳамин шуд, ки сарамро кал карда, маро ба Помир фиристоданд. Имрӯз дар байни куҳҳои осмонбӯс хизмати аскариро адо карда истодаам ва ҳар рӯз сад бор ба он бӯсаи тақдирсӯз лаънат мехонам!

Хусрав, аскарбача аз Бадахшон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД