arzon replenishment
Дар тӯйи додарам рақсидаму зиндагиям заҳр гашт
1397

Ман як зани тоҷике ҳастам, ки зиндагиям бо сабаби расонаӣ гаштани рақси ман дар шабакаҳои интернетӣ талх гардидааст. Ба наздикӣ додарамро оиладор кардем. Тӯй дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид.

Дар ин маҳфили хурсандӣ, ки фарзанди падарамон дар тахти домодӣ менишаст, бо аҳли оилаамон шодиву хурсандӣ кардему ҳамакаса рақсидем. Ман ҳам аз таҳти дил рақсидам. Нафаре аз меҳмонон рақси маро ба навор гирифта, дар канали Ютуб ва “Тик-Ток” таҳти унвони “рақси зани тоҷик” паҳн кардааст. Баъди ин ҳодиса зиндагии оилавиям бо шавҳарам ба заҳр мубаддал гардид. Ҳар рӯз дар хонаам ҷангу ҷанҷол аст.

Пешниҳоди ман ҳамин аст, ки минбаъд дар тарабхонаву маъракаҳои хурсандӣ меҳмонон бо худ телефони мобилӣ набаранд. Чаро рақс ё дилхушии як нафарро бе иҷозати худаш расонаӣ мекунанд? Чӣ гуна метавон роҳи чунин падидаҳои номатлубро гирифт? Шумо чӣ фикр доред, дӯстон ?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД