sebiston july new
Дарди дили бачаи маъюб
2487

Як пойи Вайсиддин аз хурдӣ маҷрӯҳ буд. ӯ бо азоб роҳ мегашт ва аз хона то ба мактаб нарасида, саршори обу арақ мешуд.

Ҳамсолонаш пеш аз оғози дарсҳо дар синфхонаҳо мешуданд, Вайсиддин бошад, бисёр вақт қафо мемонд.

Омӯзгори оқилу доно ҳеҷ гоҳ ӯро маломат намекард. Танҳо боре навозишкунон гуфт:

-Вайсиддин, ҳаракат намо, то ки аз хона барвақттар бароӣ. 

Падари Вайсиддин баъзан писарашро ба мошинаш савор карда то мактаб мебурд, лекин доимо имконияти чунин ғамхориро надошт, зеро бо кори давлат банд буд. Пойи дардманд ба тамоми ҳастии Вайсиддин фишор меовард. ӯ баъд аз роҳ гаштани зиёд на танҳо ҷисман, балки рӯҳан низ хаста мешуд. Торҳои асабаш пайваста меларзиданду баданаш аз ҳарорат ҳар замон месӯхт. Модараш ба ҳоли ӯ дарунӣ об мешуд, аммо сир бой намедод. Рӯзе Вайсиддин ба дарс қафо монда, бо ҷонишини директор рӯ ба рӯ шуд.

 


Сурати Марҷонаи қайсангилашро дида ҳуш аз сараш парид. Шамсия ин ҳолати Субҳонро зуд пайхас намуда гуфт: " Субҳонҷон чӣ шуд ба шумо? Ягон тояшро интихоб кардед?".


 

-Боз ба дарс дер омадӣ, канӣ дафъ шав аз ин ҷо, бефаросат, -гуфта, ҷонишин аз гиребони куртаи Вайсиддин гирифт ва ӯро аз мактаб берун бароварду илова намуд:-Бори дигар дер биёӣ, пойи дигаратро низ зада каҷ мекунам ва онгоҳ бо як асочӯб не, балки бо чигас хоҳӣ гашт. Умуман ту бояд дар мактаби маъюбон хонӣ. Миёни солимон чӣ кор мекунӣ? Ба падарат гӯй, туро ба интернати махсус бурда супорад. Фаҳмо!
Вайсиддин бо азобе масофаи як километрро тай намуда, ба хонаашон расиду асочӯбашро ба як тараф ҳаво дода, худро ба болои болишт партофт. Модар овози гиряи ҷигарбандашро шунида, нонҳои дар танӯр бастаашро партофта, ба назди фарзандаш давид.
-Ба ту чӣ шуд, Вайсиддинҷон, кӣ туро ранҷонд? Гап зан, бачам, барои чӣ ин қадар гиря мекунӣ?
-Поям дард мекунад, - гуфт ҳиқ-ҳиқкунон Вайсиддин. ӯ намехост гапи ростро гуфта, ба дили бе ин ҳам сӯхтаи модар намакоб пошад. Модар ба молидани пойи фарзанд овора шуда, нонҳои дар танӯр часпондаашро фаромӯш кард. ӯ аз писараш бо навозиш пурсид:
-Вайсиддинҷон, мабодо, ки дурӯғ гуфта ҷонатро аз мактаб халос карданӣ шавӣ? Агар ҳамин тавр бошад, ман аз ту сахт хафа мешавам. Ҳеҷ кас нахонад ҳам, ту бояд илм омӯзӣ, чунки дар оянда бо ин пои дардмандат кори ҷисмонӣ карда наметавонӣ. Бинобар ҳамин, дар бораи рӯзгори ояндаат аз имрӯз фикр кун. Модар нонҳояшро ба ёд оварда саросемавор ба назди танӯр давид, лекин дер шуда буд, нонҳо сӯхта сиёҳ шуда буданд. Он шаб ба хонаашон меҳмон омаду падари Вайсиддин ҳамсарашро барои нонҳои сӯхта маломат кард. Модару писар хомӯш буданд.
Баъд аз ҳамон рӯзи ба дарс дер монданаш Вайсиддин тарсида-тарсида ба бинои мактаб наздик мешуд, аммо маротибаи дуввум ба даст афтода, бо асочӯби худаш аз ҷонишин ду калтак хӯрду суханҳои қабеҳ шунида, маъюсона аз дари мактаб худро дур кашид. ӯ акнун саросема шуда ба хона намерафт. Дар як гӯшаи гулзори мактаб нишаста, нонҳои сӯхтаи модарашро ба ёд оварда, худ ба худ мегуфт:
-Имрӯз боз навбати нонпазии очам. Намехоҳам, ки нонҳои ӯ барои ман шуда сӯзанду падарам нафаҳмида ӯро сарзаниш кунанд.
Шаб кайҳо нисф шуда буд, лекин хоби Вайсиддин намеомад. ӯ худ аз худ мепурсид: «Чаро аз он муаллим ҳама метарсанду дар дарсҳояш ларзида мешинанд. Шояд фанни ӯ дарс медодагиро аз тарс қориазёд мекарда бошанд? Барои чӣ ӯ, марди солхӯрда, намефаҳмад, ки қонунҳои навиштаи ҳаёт баъзан дар назди қонунҳои нонавиштаи он ҳеҷанд. Ман ҳам мисли дигар ҳамсолонам солим будан мехоҳаму дилам майли давидану паридан мекунад, аммо… Шояд рӯзе пои ман ҳам сиҳат шавад, вале доғи суханҳои он омӯзгор аз ёдам нахоҳад рафт».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД