arzon replenishment
Ишқи қотил якеро кушт, дигареро маъюб намуд ва саввумиро девона кард
3270

 

Зайнабу Шаҳзод аз даврони мактабхонӣ ошиқу шефтаи якдигар буданд.

Аҷибаш он буд, ки ин муҳаббат дар ниҳоди ҳарду туғён дошт, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷуръати изҳор намудани меҳри худро намекард. Ҳамин тавр солҳо сипарӣ шуданду айёми хатми мактаб ҳам фаро расид. Дигар тоби махфӣ нигоҳ доштани шӯълаи ишқро надошт. Аз он метарсид, ки аз хомӯшии вай истифода бурда, ҷавони дигаре маҳбубаашро медуздад. Рӯзе Зайнабро дар танҳоӣ дарёфта, ниҳоят рози меҳру муҳаббати поки худро ифшо намуд.

-Бо ту зиёд ҳарф намезанам, вале ваъда медиҳам, ки ишқи дигареро қабул намесозам,-посух дод Зайнаб ва табассуми ширине намуда, ҷониби синфхона шитофт.

Ин ҷавоби духтар дар замири Шаҳзод тухми умеду орзуҳоро кишт. Пас аз он рӯзи ҳаяҷонбахшу шодиовар Шаҳзод роҳи хонаашонро қариб фаромӯш кард.

Дар назди мактаб мағозае буд ва Шаҳзод ҳар рӯз назди дари он мағоза нишаста роҳ мепоид. Ҳамин ки Зайнаб бо дугонаҳояш аз дарвозаи мактаб берун мешуд, Шаҳзод мисли соя аз пасаш равон мегашт. Онҳо бо ҳам сӯҳбат намекарданд, вале ҳамин ишқи безабон низ барои ҷавон ҳадяи парвардигор менамуд. Дидори Зайнаб ба Шаҳзод рӯҳу илҳоми тоза мебахшид ва ҷавон худро савори саманди бахт тасаввур мекард.

Рӯзе дар вақту соати лозима Зайнаб аз мактаб берун нашуд. Косаи сабри Шаҳзод лабрез гашта, бо баҳонае вориди мактаб гашт. Авзояш парешон ва чеҳрааш ғамгин буд. Бо собиқмуаллимонаш ҳолпурсии кӯтоҳе намуда, дар куҷо будани хонандагони сифи 11-ро пурсид. Маълум шуд, ки онҳо дар хонаи як ҳамсабақашон шабнишинӣ доранд.

Ҳангоми ба хона рафтан садои барқмонанде ба гӯши духтар расид: «Зайнаб, дар ҷоят ист!» Вай ҳаросон ба пас нигаристу нигоҳаш ба чашмони барқафшони Шаҳзод бархӯрд. Писарони ҳамсабақи Зайнаб, ки ба шӯхиҳои Шаҳзод одат карда буданд « ин девона девонагиашро боз сар кард»,-гӯён ба ханда даромаданд, вале…

Шаппотии обдоре ба рухсораи Зайнаб зада гузашта рафтани Шаҳзод ҳамаро ба ҳайрат овард. Ҳамаш чунон тез ба вуқӯъ омад, ки касе аз ҳамсабақон имкони лаб во намуданро накард. Барояшон аён гардид, ки дар ин амали Шаҳзод ҳазлу шӯхӣ набуда, далели рашки ошиқаст.


Вақте ки Шоира барои гирифтани об хам мешавад, якбора пояш лағжида ба дарё меафтад. Амвоҷи пуртуғёни дарёи Кофариниҳон дар як лаҳза ҷисми наҳифи духтарро дар коми худ печонда, мисли аждар фурӯъ мебарад.


 

Ин зарба қалби Зайнабро ба сӯзиш овард. Вай дар назди ҳамсабақонаш худро хиҷолатзада эҳсос карда, аз нигоҳҳои розҷӯи онҳо ҷои гурез намеёфт. Бо Зайнаб на дар мактабу на дар хонаашон касе ҷуръати баланд ҳарф заданро надошт, вале Шаҳзод ӯро дар назди ҳама шаппотӣ зад, хору зор намуд. Зайнаби эркадухтар, ки нозпарварду маҳин буд, зарбаи Шаҳзодро сахт қабул карда, қарор дод, ки ин гуноҳи ҷавони беодобро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Намебахшад, бар ивази ягон бахшишу узру нолаю фиғон намебахшад. Намебахшад васаллом!

Шаҳзод аз кори сари қаҳру ғазаб кардааш баъди каме ба худ омадан пушаймон гашт. Ҳушу ёдаш банди Зайнаб буд, як лаҳза ҳам ӯро аз хотир берун карда наметавонист, вале ғурури мардӣ намегузошт, ки узр пурсад.

«Оҳо, ишқҷӯраи моро тағйир додаст-ку!», -гӯён дӯстону рафиқонаш Шаҳзодро масхара мекарданд. Аммо ӯ посух надода, хомӯшона дур мешуд. Интизори мактабро хатм кардани Зайнаб буд ҷавони ошиқ.

Ҳамин ки Зайнаб мактабро хатм намуд, Шаҳзод фавран волидонашро ба хонаи дӯстдоштааш хостгорӣ фиристод. Модари Зайнаб «падараш як марди хунхор аст, Шаҳзод ҳам вай барин будагист. Ман ҳаргиз ба ин ҷавони беодоб духтар намедиҳам!»-гӯён хоҳиши хостгоронро рад намуд. Чанд маротибаи дигар хостгорони Шаҳзод дари хонаи Зайнабро кӯфтанд, вале ҳар дафъа наздикони духтар онҳоро ноумед мегуселонданд.

Падари Шаҳзод воқеан марди ҷоҳил буд, вале фарзандонашро дӯст медошту эҳтиром мекард, вагарна ҳангоми як маротиба рад кардани волидони духтар, дубора аз дарашон намедаромад. Меҳри фарзанд зӯри карду волидони Шаҳзод ҳафт маротиба бо нияти келин кардан ба хонаи Зайнабшон рафтанд, вале ин талошҳо натиҷае бахшида натавонистанд. Ноумед гашта, барои Шаҳзод духтари дигареро келин кардан хостанд, вале вай якрави карда, қатъан «то Зайнаб ба шавҳар набарояд, ман бо касе издивоҷ намекунам!»,- гуфт.


Сағераи касофати рӯсиёҳ, агар духтарбозӣ накунӣ, ин моли ҳарром дар ҷузвдони ту чӣ кор мекунад? -Валлоҳ очаҷон, ман ҳаромӣ накардаам, инро касе махсус барои асабӣ шудани занам мондааст,-гуфта қасам хӯрдам, вале ҳайҳот....


 

Волидони Зайнаб маъюси ва гиряю нолаи Зайнабро дида, ба хулосае омаданд, ки ҳарчи зудтар духтарашонро ба шавҳар диҳанд. «Шояд ба шавҳар баромада, Шаҳзодро ба зуди фаромӯш созад»,-меандешиданд волидони духтар, ки аз қиссаи ишқи нокоми ҷигарбандашон огоҳ буданд. Ҳамин тавр Зайнабро ба ҷавони дигар шавҳар доданд.

Баъди ба шавҳар баромадани Зайнаб дар муддати як ҳафта волидони Шаҳзод низ писарашонро хонадор карданд. Аммо арӯси нозанин шабу рӯз дар паҳлӯяш бошад ҳам, дили сарди домод ҳеҷ ба вай гарм намешуд. Пеши чашмони Шаҳзод танҳо акси Зайнаб ҷилва мекард. Вай ҳанӯз аз бевафои кардану ба шавҳар баромадани маҳбубааш асабони мешуд.

Зайнаб ҳам ба зиндагии бе ишқтоб наоварда, пас аз ду ҳафта хонаи шавҳарашро тарк намуд. Шавҳараш ҳарчанд хоҳиш кард, дубора баргаштан нахост. Зориҳои хусуру хушдоманаш низ суде набахшиданд. Ҳамин тавр Зайнаб аз шавҳараш бе ҷангу ҷанҷол ҷудо шуд.

Шунидани ин хабар Шаҳзодро ба бистари бемори кашид. Рӯз ба рӯз аҳволаш бад шудан мегирифт. Пас аз чанде аз пои равон монд. Ҷарроҳи низ ӯро дубора ба по хезонда натавонист.

Ҳамин тавр, оташи сӯзони ишқ Шаҳзодро ба дунёи маъюбон ворид намуд. Модар писари нозанинашро дар аробачаи маъюби дида ҷигархун шуд. Ғаму андӯҳи бепоён ва фикри ояндаи писари маҷрӯҳаш ӯро низ аз по афканду чанде нагузашта, модари бадбахт бо дили пурғам тарки дунё кард.

Зайнаб бо шунидани шумхабарҳои пай дар пай ба қавле девона шуд. Худро гунаҳкор меҳисобид, ки як шаппотии Шаҳзодро аз сари ғурур набахшида, ҳам худ ва ҳам ошиқи бечораашро бахбахт намуд. Қисматро нафрин мехонд ва сари ҳар қадам волидонашро гунаҳкор намуда, таъна мезад, ки натанҳо бахти ӯро, балки ҳаёти Шаҳзодро низ сӯхтанд. Ба марги модари ҷавони Шаҳзод ҳам Зайнаб падару модарашро гунаҳкор мекард.

Ҳамин тавр Зайнаб низ ба ғам печида, ба бемории рӯҳи гирифтор шуд.

Вай то ҳол аз волидонаш домангир аст.

Фарзона Маҳмадиева.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД