arzon replenishment
ДАРДИ ДИЛИ ЗАНИ ДОЙРАЧӢ
01.01.2021
ОИЛА
6642

 Ҳанӯз мактабхон будам, ки гули сари сабади маҳфилҳо шуда будам. Овозе чун булбул доштам. Дар тӯю маъракаҳое, ки занҳо ҷамъ мешуданд, зеби давра будам. Духтарон бо ҳасад ва рашк ба ман менигаристанд. Зеро чун ман байтдону шеърхон набуданд.

Солҳо мегузаштанд. Зеро садои доираву "ёр-ёр" ман дугонаву ҳамсинфонамро ба хонаи шавҳарҳояшон гусел мекардам. Ҳар яке ҷуфти муносиби худро меёфту мерафт. Ман низ умедворӣ мекашидам, ки як рӯз не, як рӯз маро ҳам таҳти ин навои форам ба шавҳар медиҳанд. Вале ин рӯзро дидан дар тақдири ман набудааст, ё буду ман бо дастони худ он рӯзро аз худ дур кардам, намедонам. Ҳамааш аз ҳамон рӯз сар шуд, ки дугонаам Латифаро ба шавҳар медоданд. Одатан дар ин мавридҳо аксар ҷавонон чамъ шуда, барои худ арӯс "интихоб" менамоянд. Зеро дар ин маъракаҳо духтарҳо бо либосҳои зебо пероста даҳчанд зеботар шуда меоянд. Ана, дар ҳамин лаҳзаҳо ман бо дойра суруд дигарон ракс мекарданд. Баногох ҳис намудам, ки ҷавоне рост ба чашми ман нигоҳ мекунад. Чанд бор нигоҳамро гурезондам. Вале вақте ки боз ногоҳнигоҳ мекардам медидам, ки боз ҳамон нигоҳи сӯзанда ва оташин таъқибам мекард. Ман чанд бор сурудамро гум кардам, чӣ хонданамро намедонистам. Хаёл накунед, ки ман ба ӯ яку якбора дил бастам. Ман ингуна ҷавонҳои бешарму беҳаёро чашми дидан надоштам. Ман ба ӯ нафрат пайдо кардам. Ва намедонам кадом қувваи ноаён ва хашми ногаҳон ба ман таъсир расонд, ки ғайри ихтиёр рост ба чашмонаш назар карда ба тарафаш … ТУФ кардам. Базм хомӯш шуд. Аз ҷониби домодшаванда як-ду хешаш ҷавонро ба кунҷе кашида бурданд, танбеҳ доданӣ шуданд. Боз чанд касе ёфт шуд, ки тарафи он ҷавонро гирифт. Ҳамин тавр тӯй ба майдони кашмакаш табдил ёфт. Ғиреву чирроси кӯдакон ба фазо мепечид. Тӯй вайрон шуд. Арӯс бо ашк вориди хонаи домод шуд.
Баъдиҳамин воқеа намедонам, чаро ки пои хостгорҳо аз хонаи мо яку якбора канда шуд. Касе намехост, ки мани ба қавле бешармро келин кунад. Ҳамин тавр ман ба бешармӣ ном баровардам. Бо як амали ноҷо, бо як нигоҳи аҳмақонан шаҳватпарасте занҷири бахти худро гусастам. Дар ин миёна Латифаро шавҳараш баъди ду-се моҳ талоқ дод. Нафрати мардум ба ман боз бештар шуд. "Бо касофатии ту арӯс бо гиря, бо ашк, ба хонаи шавҳараш даромад, ки ин хосият надошт, мана оқибат ҷудо шуд"- мегуфтанд.

Ман аз кори кардагиам дар ҳоли ногуворе монда будам. Як рафтори ношоям маро шармсору мояи нафрати мардум кард. Аз ин воқеа солҳо гузашта бошад ҳам, то ҳол аз назари мардум ҳамон рафтори нописанди ман намеравад. То ҳол ман чашм ба роҳам. Шояд шахсе бофаҳме, бофаросате пайдо шаваду гӯяд, ки ин духтар ба ҷудошавии Латифа чӣ гуноҳ дорад! Вале афсӯс торҳои нигоҳам канда шуду косаи сабрам лабрез. Ягон нафар хостгоре ба талаби ман наомад. Инак, ман то ҳол танҳояму танҳо. Афсӯс мехӯрам ба он шӯру туғёнҳои ҷавони ба он рузҳои фархунда, ба он рӯзҳое, ки гули сари сабад будам!

Лаънат мехонам ба он ҷавони бешарму густох, ки рӯзгори маро талху бахтамро сиёҳ гардонд.

P.S. Бале, як рафтори ноҷо, як сухани бемаънӣ метавонад тақдири ояндаи инсонро ҳал созад. Хусусан духтарони зебо мағрури ҳусни хеш нашавед ва дар ин айёми ҳасоси ҷавонӣ ҳар сухани худро санҷида гӯеду ҳар қадами худро дониста гузоред. Зеро як лаҳзаи кӯтоҳ метавонад ояндаи шуморо ба хатар андозад. Кӯшиш ба харҷ диҳед то гавҳари ородиҳандаи худ шарму ҳаёро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед. Зеро:

Шарм дар чашм, ошиқонро ҷавшан аст,

Дилбаронро бар тани зебояш пироҳан аст.

Ҳикматёр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД