shoh palace
ДАСТИ МАДИНА ВА ФАРЗАНДОНИ ЯТИМАШРО КӢ МЕГИРАД? (ВИДЕО)
3641
ДАСТИ МАДИНА ВА ФАРЗАНДОНИ ЯТИМАШРО КӢ МЕГИРАД? (ВИДЕО)

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дӯзахаш бирён кунад

Резонидани оби дидаи ятимону бепарасторон гуноҳи азим аст. Мегӯянд, вақте кӯдаки ятим ва зани шавҳармурда гиря мекунанд, ҳатто арши худо ба ларза меояд, аммо... Муддати се моҳ мешавад, ки фарзандони бе падари Мадина ҳамеша чашми пурнам доранд. Бо дидагони пур аз ашк аз бари домони модар кашидани бачаҳои гуруснаву ташна ва сарлучу пойлучаш ба дили ин зани сиёҳбахт мисли мисли теғ мехалад.

Мадина зор-зор мегиряд барои шавҳари ҷавонмаргашт, мегиряд барои бахти сиёҳи худ ва кӯдакони ятими хору зораш, мегиряд аз ғами бехонагию дар ба дарӣ ва дарду ранҷҳои зиндагӣ... Рӯзе, ки мо ба аёдати ин оилаи камбағал рафтем, дар дастурхони Мадина танҳо ду кулча буду халос. Модар бо чашмони гирён он ду кулчаро ду ними карда ба фарзандонаш дод ва хост барояшон ақаллан як пиёлагӣ қандчой кунад, аммо дар хона ҳатто шакар ҳам набуд.

Қалам дар тасвири ҳаёти талхи ин зани танҳои тоҷик ва тифлакони маъсуми ятимаш оҷизӣ мекашад. Беҳтараш биёед дарди дили Мадинаро аззабони худаш бишнавем.

Шахсоне, ки ба Мадина ва фарзандони ятимаш ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба кортҳои бонкии зерин гузаронанд:
VIZA-KORT: 4439190020060481
Бонки Эсхата: 6374600000001263489
Ҳарду корти бонки ба рақами телефони 900294474 пайваст мебошанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД