Arzon march 2024
Давлатманди Холро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд
363

Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард.

Чанд рӯз қабл аз бемории ин ҳунарманди тоҷик Вазорати фарҳанги кишвар расман эълон намуда буданд, ки пайвандонаш барои табобат ӯро ба давлатҳои гуногун бурданд, вале табибон ба дардаш дармоне пайдо карда натавонистаанд.

Чанд рӯз пеш Давлатманди Холро аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ намуданд ва ҳофизи машҳур дар беморхона аз олам даргузаштааст.

Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов, имрӯз вақти намози пешин дар Масҷиди Имом Абӯҳанифаи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Марҳумро дар Оромгоҳи Лучоб дафн карданд.

Марги ин ҳунарманди асил талафоти бузургест барои санъати тоҷик.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти устоди санъати тоҷик, Давлатманди Хол андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи худованд сабри ҷамил мехоҳанд.

Ҷойи устод Давлатманди Хол ҷаннати ҷовидон бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД