sebiston july new
Давоҳои халқӣ барои дароз кардани мижгон
775

 

Салом! Духтари зебои хушқаду қомат ва сафедпӯст ҳастам, вале худованд ба ман миҷгонҳои дароз надодааст.

Табиатан мижгони дарозро сахт дӯст медорам ва мехоҳам аз мижгонҳои сунъӣ истифода барам, аммо бо сабаби аллергия доштанам ин амал ғайри имкон аст. Ягон воситаи халқие ҳаст, ки мижгонҳоро дароз кунад?
Матлуба аз н. Шаҳринав

Посух
Хоҳарир азиз! Мижгонҳо низ мисли рӯю мӯй нигоҳубину ғамхорӣ мехоҳанд. Барои он ки мижгонҳоятон дарозу зебо шаванд, шумо бояд онҳоро нағз нигоҳубин намоед. Барои ин метавонед аз давоҳои халқӣ истифода баред.

Чаро мижгон мерезад?
Аслан давомнокии умри мижгон 150-200 рӯз аст, пас аз ин мижгон афтида ба ҷойи он наваш мебарояд. Пӯсти атрофи чашм зуд-зуд сурх шавад, ин боиси халалёбии сабзиши мижгонҳо мегардад: мижгонҳо тунуку зудшикан шуда мерезанд. Пайдоиши гавмиҷа ё бемории пӯст низ боиси рехтани мижгонҳо мешавад. Воситаҳои косметикӣ низ боиси рехтани мижгон шуда метавонанд. Мижгонҳо бештар аз туши бесифат беҷону зудшикан мегарданд. Истифодаи аз ҳад зиёди тушҳои босифат низ зарарнок аст.

Мӯъҷизаи равғани беданҷир
4 грамм равғани беданҷир (касторовое масло) ва 10 г вазелинро омехта карда, ҳамарӯза ба мижгонҳоятон молед, мижгонҳоятон серамал мешаванд. Мабодо дар кунҷи чашмонатон тарашшуҳ, карахш, пулакча, пайдо шавад, дарҳол ба духтури чашм муроҷиат намоед.
Равғани бодом низ барои рушди мижгон ва абрӯ кӯмак мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД