arzon replenishment
Дмитрий Медведев: Муҳоҷирони ихроҷшуда бо ному насаби дигар ба Россия меоянд
1069

Дмитрий Медведев аз афзоиши ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст: “Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ҷиноят содир мекунанд, бояд ҷазои сахт дода шаванд. “

Медведев таъкид кардааст, ки тамоми шаҳрвадони хориҷие, ки бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд, бояд зери назорати қатъӣ гирифта шаванд. Ӯ созмон додани базаи ягона ва ворид намудани маълумотҳои биометриро ба он яке аз чораҳои таъсиргузор дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ меҳисобад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ҷонишини раиси Шӯрои амнияти Россия Дмитрий Медведев аз ҳиллаву найрангҳои баъзе муҳоҷирони ихроҷшуда изҳори нигаронӣ намуда гуфтааст:

“Аксари муҳоҷирони меҳнатие, ки барои содир намудани ҷиноят ё қонуншиканиҳои дигар аз қаламрави Россия ихроҷ карда шудаанд, ному насабашонро тағйир дода, дубора ба Россия бармегарданд. Фақат як ҳарф тағйир меёбад ва мо намедонем, ки дар рӯ ба рӯямон ҳамон шахсе истодааст, ки барои ҷиноят ё қонуншиканӣ ихроҷ шуда, вурудаш ба кишвар манъ аст. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳо базаи ягонаи электронӣ лозим аст. Тамоми маълумотҳои биометриро ба он бояд ворид намуд. Он гоҳ метавонем вазъиятро зери назорати қатъӣ бигирем...”

Тавре ки РИА-Новости навиштааст, аслан Дмитрий Медведев зидди муҳоҷирати меҳнатӣ нест, вале ҳамчун як ватандори асил мехоҳад пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби хориҷиён дар кишвар гирифта шавад. Медведев гуфтааст:

“Шахсоне, ки бо дилу нияти соф барои кор кардан ба Россия меоянд, метавонанд бидуни ягон мамоният кор кунанд, зеро мо ба нерӯи корӣ сахт ниёз дорем, вале муҳоҷирони меҳнатие, ки даст ба ҷинояту ҷиноякорӣ мезананд, бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯянд ва ба чунин афрод ҷазои сахт дода шавад. “

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД