goodwell
Дод аз дасти зани шаттоҳ!
24.05.2026
Oila.tj
90

Ассалому алайкум, хонандагони дардошно.  Мехоҳам дарди диламро нависам, зеро дигар тоқати зиндагии имрӯзаро надорам.

Ман ҳафт сол бо зани аввалаам зиндагӣ кардам, вале соҳиби фарзанд нашудем. Хешу табор ва ҳамсояҳо ҳар рӯз ба гӯшам мехонданд, ки “занат безурриёт аст”. Ниҳоят зери фишори одамон монда, зани дуюм гирифтам. Аммо тақдирро бинед: баъди он ки зани дуюмам фарзанддор шуд, зани аввалам ҳам ҳомиладор гардид.

Ростӣ, ман зани аввалаамро бисёр дӯст медорам. Ӯ зани ором, босабр ва бофарҳанг аст. Дар тӯли солҳои зиндагӣ ягон бор ба рӯям гап нагардонд, ҳамеша маро эҳтиром мекард ва қадри зиндагиро медонист.

Аммо зани дуюмам тамоман дигар хел баромад. Барои як гапи ночиз ҷанҷол мебардорад, як сухан гӯӣ, даҳ ҷавоб медиҳад. Бисёр шаттоҳу асабӣ аст. Рӯз нест, ки дар хона қаҳру ароз нашавад. Баъзан аз баҳонаи ночиз қаҳр карда, ба хонаи модараш меравад. Ман ҳам ба хотири фарзандонам маҷбур мешавам аз пасаш равам, зорию тавалло кунам ва ӯро ба хона биёрам.

Ростӣ, дигар аз ин зиндагӣ хаста шудаам. То имрӯз танҳо ба хотири фарзандонам тоқат мекардам, аммо сабрам лабрез шудааст. Борҳо гуфтам, ки агар зиндагӣ бо ман барояш вазнин бошад, метавонад роҳи худро интихоб кунад. Вале ӯ на рафтан мехоҳад ва на рафторашро дигар кардан.

Баъзан фикр мекунам, ки зани шаттоҳ барои мард азоби рӯҳӣ аст. Хонаи обод бе оромӣ чӣ қимат дорад? Ман дигар намедонам чӣ кор кунам: ба хотири фарзандон боз ҳам сабр кунам ё зиндагии худро аз нав созам?

МУБОРИЗ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД