arzon replenishment
Донишгоҳ муҳимтар ё пули Русия?
2692

 

Ман Дониёр, сокини ноҳияи Рудакӣ ҳастам. Аз рӯзе, ки ба Русия сафар карда, ранҷу азоби мусофиратро фаҳмидам, хонандаи «Оила» шудаам. Саҳифаи «Муҳоҷир» -ро мехонаму ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад. Ҳодисаву сарнавишти муҳоҷиронро хонда рӯзҳои сахти муаллифон ба сарнавишти худи ман сахт монандӣ дорад. Аз ҳамин хотир мехоҳам имрӯз саргузашти худро ба хонандагони азиз нақл кунам.

Бачаи бападарам. Ман хеле хурд будам, ки падарам аз олам гузаштааст. Модарам бо хуни ҷигар моро калон карда, худаш нахӯрдаю напӯшида чор танга пули бо азобҳои алим кор мекардаашро ҷамъ карда, маро ба донишгоҳ дохил намуд, то дар дами пирӣ такягоҳаш гардам. Азбаски саводам чандон хуб набуд, маро ба гурӯҳи шартномавӣ қабул карданд. Аз рӯзҳои аввали таҳсил модарам ҳамеша таъкид мекарданд: ««Писарам, дарсҳоятро хуб хон, то фардо ягон ҷойи кори нағз ёфта, аробаи зиндагии худатро кашида тавонӣ ва ба хоҳару додараконат ҳам дасти мадад дароз бикунӣ!» Ҳамин суханони модарамро дар гӯшам халқа карда, соли аввали таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст намудам. Модарам соли дуюми таҳсили ман аз уҳдаи пардохти маблағи шартнома набаромада аз бонк қарз гирифтааст. Ман аз ин бехабар будам. Вақте фаҳмидам, ки модарам чӣ тавр бар гардонидани пули бонкро надониста хуни ҷигар мехӯрад, қарор додам, ки аз баҳри таҳсил гузашта ба Русия мардикорӣ меравам. Ба шуъбаи ғоибона гузаштам ва аз ҷӯраҳоям қарз гирифта чипта харидаму рахти сафар барбастам. Як ошноям дар Русия буд, бо кӯмаки ӯ дар сохтмон кор ёфтам. Корамон бениҳоят вазнин аст, аллакай миёнам хам задааст, вале илоҷи дигар надорам.


Номам Лилия, 13-сол қабл аз ин аз шаҳри Уфа ба Тоҷикистон омада будам. Дар ҳамон ҷо шавҳари ояндаамро дида ба ӯ дил бохта будам.


Нангу номус карда, ки омадам, бояд тоқат карда, пули хуб кор кунам ва бо сари баланд ба Ватан бар гардам. Аз маоши аввалинам қарзи барои чипта гирифтаамро бар гардондам. Алакай аз сар шудани дарсҳоям як моҳ пур шудааст, ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Наравам, маро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд, равам аз ҷойи корам мемонам, он гоҳ модару хоҳару додараконамро кӣ таъмин мекунад?

Аз ҳамин хотир ба сомонаи «Оила» муоҷиат намудам, то аз хонандагонаш кӯмак бипурсам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ба хотири дарсҳоям аз баҳри кори сердаромадам дар Русия гузашта ба Тоҷикистон баргардам ё пулро авло дониста дар ҳамин ҷо монам?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД