sebiston july new
Донишҷӯи 71-солаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
434

Ҳайдаршои Мулохӯҷа, мухбири 71-солаи телевизиони “Ҷаҳоннамо" дар навоҳии Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон дар Рӯзи Парчами миллӣ донишчӯи фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд. Дар ин бора Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ДМТ хабар доданд.

Тибқи иттилои мазкур, ин мухбири 71-сола унвони донишҷӯиро ҳангоми сафари Корвони иттилоотии журналистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор гаштааст. Ҳайдаршои Мулохӯҷа дар қатори 35 нафар сармуҳаррирону журналистони васоити ахбори оммаи шаҳру навоҳии кишвар бо вазъи феълииДонишгоҳи миллӣ шинос шуд.

“Ҳангоми боздид дар доираи сафар ба Донишгоҳи миллӣ Қобилҷон Хушвахтзода, ректори муассисаи мазкур донишу шеърдонии ӯро ба назар гирифта, Ҳайдаршоро донишҷӯи фахри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон эълон кард ва таъкид намуд, ки мавсуф метавонад ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи тоҷик дар шакли таҳсили фосилавӣ супорида, соҳиби маълумоти олии навбатӣ гардад”, - иттилоъ додааст ИЖТ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайдаршоҳи Муллохӯҷа 71- сол дошта, солҳои зиёд намояндагии радио ва телевизионҳои мухталифи Тоҷикистонро дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон бар уҳда дорад.

Мавсуф факултаи географияи Иститути педагогиро хатм карда, дар ноҳияи Дарвоз муаллим буд. Аз соли 1988 то 1991 мухбири ғайриштатии барномаи "Ҳаёти деҳот"-и Радиои тоҷикистон дар ноҳия Ванҷ буд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайдаршоҳи Муллохӯҷа 71- сол дошта, солҳои зиёд намояндагии радио ва телевизионҳои мухталифи Тоҷикистонро дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон бар уҳда дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД