goodwell
Донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон стартапи рақамии “OSSON SUPER”-ро таҳия кард
127

Шаҳбози Мирзо, донишҷӯи факултаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон стартапи рақамии “OSSON SUPER”-ро бо модели устувори тиҷоратӣ таҳия намудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ хабар дода, гуфт: “Ин платформа хизматрасониҳои хариду фурӯш, интиқоли молу маҳсулот ва пардохтҳои рақамиро дар як низом муттаҳид намуда, барои рушди соҳибкории рақамӣ, беҳтарсозии логистика, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузорӣ имкониятҳои хуберо ба вуҷуд меорад”.

Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур аллакай бо ҷалби зиёда аз 400 ширкатҳои тиҷоратӣ фаъолият дошта, намунаи муваффақи табдил додани идеяи инноватсионӣ ба маҳсулоти рақобатпазири бозорӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД