Хушхабар барои одамоне, ки чашмонашон хира гашта, бидуни айнак китоб хонда наметавонанд! Дар дорухонаҳо то охири соли 2025 доруи наве ба фурӯш мебарояд, ки чашмони хирагаштаро равшан месозад. Дар ин бора sko_gazeta хабар додааст.
Тавре манбаъ менависад, ин доруи обакӣ (глазные капли) қобилияти аз наздик дидани чашмони хирагаштаро аз нав барқарор менамояд ва шахсоне, ки мушкили наздикбинӣ доранд (ашёҳоро аз масофаи дур хуб мебинанд, вале вақте наздик бошад, чашмонашон хира гашта, дида наметавонанд), баъди истифодаи ин дору бе айнак китоб хонда метавонанд.
“Ин қатрадору тавассути каме танг кардани гавҳараки чашм (раванде, ки миоз номида мешавад) умқи майдони бинишро васеътар намуда, вобастагии чашмро аз қобилияти тамаркузи табиии он (функсияе, ки бо боло рафтани синну сол аз сабаби пресбиопия суст мешавад) коҳиш медиҳад”,- навиштааст манбаъ.
Аксари маризоне, ки бидуни айнак хонда наметавонистанд, пас аз чанд соати истифодаи ин дору ҳатто ҳарфҳои худтаринро бе айнак хонда тавонистаанд ва доруи мазкур бо муваффақият аз санҷиш гузаштааст.
Ин дору мушкили миллионҳо одамони синну солашон аз 40-сола болоро ҳал карда, онҳоро аз зарурати истифодаи линза ва айнак халос мекунад.