Даҳ сол мешавад, ки зиндагии заношавҳарӣ дорам. Дар ин муддат чор духтар ба дунё овардам. Ба ҷойи он ки шавҳару хонаводааш шукри фарзанди солимро кунанд, ҳар рӯзи зиндагиямро ба азоб табдил додаанд.
Охирин дафъае, ки духтар таваллуд кардам, шавҳарам ҳатто ба таваллудхона наомад. Волидонам маро бо кӯдак ба хонаашон мебурданд, нигоҳубин мекарданд ва баъди чил рӯз бо сархамӣ боз ба хонаи шавҳарам мебурданд. Модарам ҳамеша мегӯяд: “Хонаву дари шавҳаратро нигоҳ дор, духтарам. Сабр кун, зиндагӣ ҳамин аст”.
Ман ҳам сабр кардам. Гӯшамро ба карию чашмамро ба кӯрӣ задам. Таънаи хушдоман, қаҳри шавҳар, суханони нешдори хешу табор, ҳамаро фурӯ бурдам. Вале дилам дигар тоқат надорад.
Хушдоманам ҳар бор шунавад, ки келини касе писар таваллуд кардааст, ба ман заҳр мепошад. Мегӯяд, ки “аз ту ба ғайри духтар чизе намеояд”. Шавҳарам бошад, маро мисли гунаҳкор нигоҳ мекунад. Гӯё духтар зодан айби ман бошад.
Ҳоло боз ҳомилаам. Шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар ин дафъа ҳам духтар шавад, маро талоқ медиҳад. Ман шабҳоро бо гиря саҳар мекунам. Аз тарс ҳатто ба таваллуд шудани кӯдак фикр кардан намехоҳам. Рафта УЗИ накардам. Зеро агар маълум шавад, ки дар қадам духтар аст, маҷбур мекунад, ки исқоти ҳамл кунам.
Баъзан чунон дилгир мешавам, ки маргро аз чунин зиндагӣ беҳтар мебинам. На дӯст дораму на касе, ки маро дастгирӣ кунад. Дар ин хона танҳо ашк ҳамроҳи ман аст.
Охир чаро зан бояд барои чизе ҷавоб диҳад, ки аз ӯ вобаста нест? Чаро баъзе одамон то ҳол духтарро камтар аз писар медонанд? Магар духтар фарзанд нест? Магар духтар меҳру муҳаббат надорад?
Бахтинисои бебахт