formula
Духтарам маро апа мегӯяд
1052

Ман дар синни 16-солагӣ як иштибоҳи калон кардам. Бо як ҳамсинфам ошиқӣ карда, ҳомиладор шудам. Модари ҷигарсӯхтаам маро аз мактаб гирифта, ба шаҳр ба хонаи апааш оварда, ин ҷо таваллуд кунонид.

Сипас тифлро гирифту гуфт, ки худаш калон мекунад. Ман хурсанд шуда, аз кӯдак рӯ гардондам. Вақте 18- сола шудам, маро ба як хеши зандидаамон ба шавҳар доданд. Зиндагиам хуб буд, аммо Худованд маро ҷазо дод, аз ман дигар фарзанд нашуд. Духтарам бошад, дар хонаи модарам ба воя мерасид. Бародаронам медонистанд, ки ӯ духтари ман аст, аммо касе дар хонаамон дар ин бора гап намезад.

Духтарам маро апаву бибиашро оча мегуфт. Солҳо гузаштанд, бо сабаби бефарзандӣ аз шавҳари якумам ҷудо шуда, ба муҳоҷират омадам. Ин ҷо бо як марди қурғанӣ шинос шуда, никоҳ кардем.

Шавҳарам баъди хона хариданамон маро ба хонаашон бурд. Ҳоло дар шаҳри Қурғонтеппа зиндагӣ дорам, аммо баъди солҳои зиёд акнун ақлам ба сар зада, мехоҳам, ки духтарам маро оча гӯяд. Айни замон духтарам ба шавҳар баромада, зиндагии тинҷ дорад, маро апа гуфта, аҳволпурсӣ мекунаду халос.

Модарам ҳоло бемори бистарӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки беҳтараш ин сирро дар дилат гиру ҳаргиз накушо, чунки духтарат баъди фаҳмидани ҳақиқати талх аз ту рӯ мегардонад. Ман бошам, намедонам чӣ кор кунам. Рости гапро ба шавҳару духтарам нақл кунам ё хомӯш истода, бо дили пур аз аламу пушаймонӣ зиндагиамро идома бидиҳам?

Гулҷаҳон, ш. Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-07-01, 11:56
Дамата гиру гард бо зиндагии духтаратро вайрон накун апт мега шукр кн агар хакикатро фахмад як умр хасрати мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-07-01, 11:56
Дамата гиру гард бо зиндагии духтаратро вайрон накун апт мега шукр кн агар хакикатро фахмад як умр хасрати мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД