Arzon march 2024
ДУХТАРИ РУС ПАДАРИ ТОҶИКАШРО ЁФТ
6846


Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик натанҳо дар ободонӣ ва пешравии иқтисодиёти Русия саҳми худро мегузоранд, балки дар афзоиши аҳолии ин кишвар низ нақши хеле муассир доранд.

Аз касе пӯшида нест, ки солҳои охир теъдоди зиёди муҳоҷирини мо дар Русия бо хонумҳои рус издивоҷ карда, аксарияташон аз маҳбубаҳои чашмкабуди худ соҳиби фарзандони зебои дурага низ гаштаанд. Гоҳо бо мурури замон оташи ишқ хомӯш мегардад ё зери фишори вазъиятҳои ногувор мардони муҳоҷир маҷбур мешаванд, ки зану фарзанди худро раҳо карда, тарки Русия намоянд, аммо дурии роҳ наметавонад меҳри падару фарзандиро барҳам занад. Сарнавишти Ангелина ва падари тоҷикаш далели равшани ин гуфтаҳост.

Ангелина Дмитриевна Граф 18-сол дошта, як умр дар орзуи дидори падар буд. Аз рӯйи гуфти модараш, падари Ангелина тоҷик буда, Диловар Мирзоев ном доштааст. Ин ҷавони тоҷик, ки аслан аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбишев) мебошад, замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш дар Берёзво ба Анна ном духтари зебои рус дил мебандад. Ошиқон муддати як сол бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва Анна ҳомиладор мешавад. Оилаи ҷавон бо беқарорӣ тавлиди тифли ишқашонро интизорӣ мекашиданд, вале дидани дидори фарзандаш ба Диловар муяссар нагашт. Бародари занаш як ҷавони бисёр бераҳм ва ҷаллод буда, Диловарро ҳеҷ хуш надошт. Вақте хабари ба наздикӣ аз маҳбас озод шудани додари ҷинояткпешаи Анна паҳн мешавад, аз тарси ҷон Дилвар маҷбур мешавад, ки ҳамсари ҳомиладрашро партофта, Русияро тарк кунад.

Ҳамин тавр Ангелинаи сияҳмӯйи нозанин бе падар ба дунё омад. Диловарро дар Русия бисёриҳо Дима мегуфтанд, аз ҳамин хотир Анна насаби духтарашро Дмитриевна гузошт, ки шояд фарзандаш рӯзе ба дидори падар мерасад.
Духтарак ягон бор рӯйи падарашро надида бошад ҳам, кашиши хун ҳеҷ ӯро ором намегузошт. Ангелина ташнаи дидори падар буд ва сари ҳар қадам аз модараш дар бораи ӯ пурсон мешуд.

Ниҳоят пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, баъди 18-соли дарози интизорӣ ба Ангелина муяссар гашт, ки бо кӯмаки ду нафар фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ-Ҷунайдулло Худоёров ва Сиёвуш Мирзоев падарашро пайдо намояд.
Хурсандии Диловар Мирзоев, ки то кунун аз духтар доштанаш дар Русия ҳатто хабар надоштааст, ҳадду канор надорад. Падару духтар худоро шукр мегӯянд, ки баъди солҳои тӯлнӣ онҳоро ба ҳам расонд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД