Духтарҳои нимбараҳна маро хонавайрон карданд
02.01.2026
Oila.tj
467

Салом! Ман ҷавонзани 20-сола ҳастам ва имрӯз дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ягон роҳи дурустро ба ман нишон диҳед, то бадбахту хонавайрон нашавам.

Азбаски духтари зебо ва хушахлоқ будам, баробари мактабро хатм карданам писари ҳамсояамон Беҳрӯз волидонашро ба хонаи мо хостгорӣ фиристод. Падару модарам хурсанд шуда, розигӣ доданд. Ҳамин тавр мо, ду ҳамсинф зану шавҳари қонунӣ шудем.

Пас аз як соли зиндагӣ шавҳарам дар шаҳр соҳиби кори сердаромад гашт. Як шаб телефони Беҳрӯз ба дастам афтиду ҳуш аз сарам парид. Шавҳарам бо духтарҳои нимбараҳна дар тарабхонае нишаста, аксҳои зиёд гирифтааст. Дар сари қаҳру ғазаб ҷанҷол карда ба хонаи падарам омадам. Дар батнам кӯдак дорам. Шавҳарам ба суроғам намеояд.

Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Т. Ш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД