arzon replenishment
ДУОИ ЗАН ВА ҶАЗОИ ХУДОВАНД
26.11.2020
ОИЛА
4789

 

Нисо фарзанди ягонаи модар буд. Модараш холаи Моҳбегим бо шавҳари аввал зиста фарзанд наёфт шавҳар ҳангоми ҳезумчинӣ аз ҷар парида вафот карду ӯ дар синни 35-солагӣ бе ҳамсар монд.

Ду сол пас ӯро марди занмурдаи шаш фарзанддор хостгорӣ карду Моҳбегим ба хотири фарзандонаш розигӣ дод. Магар сариятимаконро сила карданаш буд, ё он меҳре, ки нисбати Маҳмуди шашмоҳа дошт, Моҳбегим ҳафтаҳои аввал пинҳонӣ ва дертар ошкоро ба тифл сина дода ҳавас шикаст ва аҷиб буд, ки оҳиста-оҳиста синаҳояш пури шир шуданд ва Маҳмуд то се салаги онро макид. Чун кӯдак аз сина ҷудо шуд, Моҳбегим ҳомиладор шуду дертар Нисо ба дунё омад. Зиндагӣ бо гузашти солҳо пасисар мешуд. Фарзандони мард калон шуда соҳиби хонаву дар шуда баъди марги падар ҳатто подоши шири сафедаш накарда духтарашро аз хона берун карда алоқаро ба тамом канданд.

Моҳбегим дар хонаи падарии худ бо духтараш зиста дигар ихтиёри шавҳар на-
кард. Барояш бахти Нисо аз ҳама боло буд. Чун Нисо ба синни ҳабдаҳ расид ӯро ба ҷавони ҳаммаҳалла ба шавҳар дода ба мурод расид. Ҳаёти оилавии Нисо шашсоли аввал хушу гуворо гузашт ва дертар шавҳар нағмаҳоинав баровард.
Қадри зану ду фарзандро намедонист, онҳоро дашном медод, беҳуда зери шаттаву шаллоқ мегирифт, ранҷу озор медод. Нисои бечора ин ҳама тағйирёбии шавҳарро дида дар тааҷчуб мешуд, сабаб намеёфту сабр пеша мекард, вале намедонист, ки шавҳар ба беҷогардӣ омӯхта шудааст. Шавҳар дигар парвои сару либос ва хӯроки зану фарзандро намекард, тамоми ёфтагиаш сарфи занҳоикӯча ва додаронаш мегашт.

Моҳбегим, ки азоби ўгайҳоро кашидаву чашида буд, духтарашро насиҳат карда ба сабру тоқат кардан водор месохт. Худ аз ҳисоби дӯзандагӣ ва фурӯши меваҳои ҳавливу маоши кори колхоз духтару набераҳояшро хӯронида мепӯшонид. Вақте духтарону писаронаш калонтару дастёр шуданд, худи Нисо бо нонфурӯшӣ ва ҷурғоту шир насибаашонро меёфт. Дар колхоз кор карда замин гирифта хона сохт ва аҷиб буд, ки шавҳар меомад, мехӯрд, мехуфту хеста мерафт ва ҳеҷ намепурсид, ки ин ҳама аз куҷост ва аз кадом ҳисоб. Дертар ин бепарвоии шавҳар ба ҳукми одат даромад ва ҳама ба он одат карда тан доданд. Бадиаш фақат дар он буд, ки ӯву фарзандонашро зери шаттаву шаллоқ мегирифт ва аз ҳамин сабаб Нисо бармаҳал касалманд гашт. Рӯзе аз даҳони занони ҳамсоя шунид, ки шавҳар зан гирифта сабаби ин ҳама ҷанҷолу занозаниҳо дар ҳамин аст. Ҳеҷ боварии Нисо намеомад, ки шавҳараш ба болои ӯву шаш фарзандаш боз зан гирифта бошад.

Ҳеҷ кас ҳам ба ӯ нагуфт, ки зани нави шавҳараш кист. Ин сирро аз шавҳар пурсиду дар бало монд ва ончунон латту кӯбаш намуд, ки дастонаш шикаста сараш осеб дида чанд муддат дар беморхона хобид. Вале ин сир ғайриихтиёр худ аз худ дертар ошкор гашт. Баъди ин қадар кулфатҳо ба дарди Нисо боз фишори баланди хун ва сардард илова гашту тез-тез назди табиб мерафт. Рӯзе ӯро сардарди сахт гирифту шавҳари ҷоҳил худ ӯро назди духтури шинос бурда "ҷӯра як бин, чӣ" гуфт.

Ҳангоми муоина чен кардани фишори хун, табиб аз Нисо пурсид, ки ба акаи Аҳмад кӣ мешавад. "Ҳамсараш" – аз зӯри дард лаб газида базӯр посух дод Нисо.
-Чӣ хелҳамсараш? Як зани ба намуддуруст худро зани марди зану фарзандоре мешиносонед! Акаи Аҳмад зану даҳфарзанд дорад, ё шумо зани дуюмаш? – ботааҷҷуб пурсид табиб.

-Додар Аҳмад чанд зан дорад, ман намедонам, лек зани якуми қонунӣ ва модари шаш фарзандаш манам ва ҳатто ЗАГС-у фамилияи ӯро дорам! Аз ғазабу алам Нисо дарди худро фаромӯш карда берун баромад. Дар роҳрав шавҳараш мунтазир буд, хост аз духтур натиҷаи муоинаро пурсад, ки худи духтур "Ака, даҳ рӯз пеш як зани қоқи дарози сиёҳеро оварда занам гуфта будед, кадоме аз инҳо дар ҳақиқат занатон " гуфту Аҳмад аз кушода шудани сирраш ба ғазаб омада тез аз назди онҳо дур шуд. Дар хона бошад, "ман чӣ гуноҳ доштам, ки бесабаб зада-зада дардмандам коржи, зан гирифта бошӣ, ҳалолат бод, зид нестам, рафта зиндагӣ карда гиру дигар азобамон надеҳ, ба ҳоламон гузор!" гуфту боз шатта хӯрд.

Лек акнун Нисо Нисои пешини пуртоқат набуд, роҳсӯи милисахона пешгирифт, хост аз ҷабруситами шавҳар шикоят барад. Дар кӯча ба ӯ мулло - шавҳари духтари аммаи Аҳмад дучор омад. Сару рӯи кафидаву хуншори Нисоро дида оқибаташро андешида зани аламдидаро насиҳаткунон аз роҳ баргардонида хона даровард ва сирри хонаро ба кӯча набароварданашро хоҳиш намуд.
-То кай тоқат кунам, зан гирифтааст, нобуд, боз чаро ману кӯдаконро мезанад, ин қадар солҳо тоқат карда ба ҷое шикоят набурдам, даъвое накардам. Бо меҳнати худ говпой, шоливу гандумкорӣ, дӯзандагӣ зиста кӯмаке аз ӯ надида сабр кардам. Худоё илоҳӣ бачаи зантеро низ бикушу муллои никоҳкунро ҳам, ки зану бачаҳояшро ҳайрону зору сарсон кардааст! – гӯён оҳунола кард. Мулло бо тезӣ сархам аз хона баромада рафт. Худи ҳамон бегоҳ хабари мошин задани баччаи мулло деҳаро ба по хезонид.

Маълум гашт, ки писари шонздаҳсолаи мулло Мӯҳсинро ҳангоми аз саҳро омаданаш мошин зада то беморхона нарасида ҷон додаст. Ҳоло маросими ҳафташро надода Насимҷони чордаҳсола аз боми оғилафтода гарданаш шикаста мурд. Муллову занаш худи ҳамон рӯз баъди ба хок мондани Насим аз мотамхона рост назди Нисо омада ба зону зада бахшиш пурсида асли воқеаи зангирии шавҳарашро нақлкарда тавбаву тазоро карданд. Охир дар пешашон боз як писару як духтарашон монда буд ва тарси аз онҳо низ маҳрум шудан онҳоро ба ростгуи водор кардааст.

Маълум гашт, ки духтархолаи зани мулло -духтари аммаи дигари Аҳмадпасаз вафоти шавҳар бева монда бо даҳ нафар фарзанд дар хӯронидану пӯшонидан ва тарбияи онҳо душворӣ кашидааст. Хешу табор, аммаву амакҳо ва падар Аҳмадро маҷбур карданд, ки аз зани бегона дида хешдухтари худашро хӯронида пӯшонад, беҳтар аст. Дар ҳақиқат дар ин авлод ғйри Нисо чӣ домоду чӣ арӯс ҳама аз хешу табори ҳамдигар буданд ва асосан бо ин кор акаи занак сабабгор ва ташвиқотчию саркор гаштааст. Ҳоло ҳама ғамшарики ин мотамхона буд, ки писари зану кӯдакдори акаи палонҷашро нисфирӯзӣ дар дарё оббозӣ карда об бурда пас аз панҷ рӯз мурдаи дамкардаашро ёфтанд. Ҳанӯз ба ин мурда бист рӯз нашуда додари ҳаждаҳсолаи ин мардро дар оғил буққаи барои савдои гӯшт парвариш карда бо ду шох ба девор зер карда куштааст.

Палонҷи аз марги ду фарзанди ака ва ду набераи холааш ҳоло ба худ наомада ҳангоми аз кӯча гузаштан сараш чарх зада афтода сар ба бетон зада худ ҳамон ҷо вафот кард.

Ҳоло ҷанозакунон мурдаро ба хок намонда духтари зан бо оби аз мурдашӯй монда дасту руй шуста дар ҳамонҷо дилкаф шуда мурд. Ин ҳамаро бегонаҳо не, худи хешу табор аз дуову оҳи Нисо дониста Аҳмадро пешпеш карда наздаш омаданд ва зориву илтиҷо намуданд, ки дуояшро боз пас гираду онҳоро бахшад, вагарна шумораи мурдагон боз хоҳанд афзуд. Бе ин ҳам аз се оила шаш мурда дар давоми чил рӯз зери хок шуданд. Нисои аламзадаю дилсоф ҳамаро бахшид ба дарди худ, ки аз зарбу лати шавҳар гирифтор шуда буд, даъвои марҳаме наёфт. Ў аслан марги ин одамони бегуноҳро нахоста буд. Танҳо сари аламуночорӣ чунин дуоро ба забон гирифта буду халос.

Аҳмади ҷоҳилу сахтзабонро на марги шаш нафар, балки бемории вазнину тӯлонии падар ва бахшишу илтиҷоҳояш аз келин каме ба худ овард. Нармгуфтору меҳрубон гашт зану фарзандонро лек умри рафтаро баргардонидану дилишикастаро пайванд кардан натавонист. Дили монда, қалбҳои нолон аз шавҳару падар ҳоло ҳам чашми ҳарос доранду канораҷӯйӣ мекунанд.

ТӮҲФА Аҳмадова, Исфара
(Мавод аз бойгонӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД