goodwell
Дуохонӣ иҷозат аст, аммо...
23.08.2026
Oila.tj
84

Дар Тоҷикистон маросими дуохонӣ иҷозат дода шуд, фақат бояд тартибот риоя шавад. Кадом тартибот? Матлаби моро мутолиа кунед.

Қарори кумитаи дин

Дар Тоҷикистон тартиби гузаронидани маросими дуохонӣ тағйир ёфт. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд чунин маросим танҳо аз ҷониби ходимони динии ваколатдор анҷом дода мешавад. Ин қарор дар ҳолест, ки солҳои охир мақомоти кишвар муборизаро бо фолбинӣ, соҳирӣ ва ҷодугарӣ шадидтар кардаанд.

Тибқи иттилои Кумита, санади дахлдор 3 июни соли 2026 аз ҷониби раиси ниҳод ба имзо расида, тартиби гузаронидани маросими дуохонӣ ва доираи шахсони иҷозатдорро муайян кардааст. Ба ин гурӯҳ аъзои Шӯрои уламо, сархатибҳо, имомхатибҳо, имомони масҷидҳои панҷвақта, муовинони имомхатибону имомон ва муаззинҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои динии дахлдор ваколатдоршуда дохил мешаванд.

Ходимони динӣ барои анҷоми чунин фаъолият метавонанд аз мақоми ваколатдор - Кумитаи дин маълумотномаи дахлдор дастрас намоянд. Ба гуфтаи Кумита, ҳадаф аз ин тартиб пеш аз ҳама ба низом даровардани соҳа ва фароҳам овардани имконият барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон тавассути рӯҳониёни расмӣ мебошад.

Дуохонӣ бо чӣ маҳдудиятҳо сурат мегирад?

Тибқи тартиби нав, ходимони дин метавонанд ба шаҳрвандоне, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динии худ муроҷиат мекунанд, тавассути дуоҳои шаръӣ кумак расонанд. Аммо ин фаъолият бояд дар доираи қонунгузории Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Аз ҷумла, ходимони дин уҳдадоранд талаботи санитарию эпидемиологиро риоя кунанд ва барои муроҷиати шаҳрвандон ба табибон монеа эҷод накунанд. Ин нукта махсусан муҳим аст, зеро баъзан беморон ба ҷойи муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ ба фолбинҳо ё афроди ба истилоҳ «табибони рӯҳонӣ» рӯ меоранд.

Барои занону кӯдакон низ маҳдудияти махсус пешбинӣ шудааст. Дуохонии онҳо бидуни иштироки шахси маҳрам иҷозат дода намешавад. Истифода аз хидматҳои соҳирӣ, ҷодугарӣ ва фолбинӣ, содир кардани ҳаракатҳои бадахлоқона, сабти видеоии маросим ва паҳн кардани он дар расонаҳо ё Интернет, инчунин баргузории маъракаҳои оммавии дуохонӣ манъ шудааст.

Рӯ ба хориҷа

Қабули ин тартибро бояд дар заминаи маъракаи мубориза бо фолбинӣ, соҳирӣ ва ҷодугарӣ дар кишвар арзёбӣ кард. Солҳои охир мақомоти интизомӣ нисбат ба чунин фаъолият чораҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ меандешанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, то аввали соли 2026 беш аз 5 ҳазор фолбин, ҷодугар ва «муллои ғайрирасмӣ» муайян ва ба рӯйхат гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, баъди шадидтар шудани ҷавобгарӣ барои муроҷиат ба чунин шахсон, ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шаҳрвандон барои гирифтани чунин «хизматрасонӣ» ба кишварҳои ҳамсоя муроҷиат мекунанд. Ин вазъ нишон медиҳад, ки масъала танҳо бо манъи фаъолияти фолбинҳо ҳал намешавад ва зарурати пешниҳоди алтернативаи қонунӣ низ вуҷуд дорад.

Қонун чӣ мегӯяд?

Соли 2024 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуда, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷарима то 4500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз пешбинӣ гардид. Дар сурати такрори чунин қонуншиканӣ дар давоми як сол, масъала метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда расонад, ки ҷазои он то ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад.

Аз ин рӯ, тартиби нави дуохонӣ кӯшиши ҷудо кардани ду мафҳум аст: дуои динӣ аз ҷониби рӯҳонии ваколатдор ва амалҳои соҳириву фолбинӣ. Кумита бар ин назар аст, ки чунин танзим ҳам эҳтиёҷи динии шаҳрвандонро ба назар мегирад ва ҳам имкони суиистифода аз эътиқоди мардумро коҳиш медиҳад.

Дар маҷмӯъ, тартиби нав нишон медиҳад, ки мақомот мехоҳанд соҳаи дуохониро аз як фаъолияти беназорат ба раванди муайяншуда ва назоратшаванда табдил диҳанд. Аммо самаранокии он на танҳо ба мавҷудияти санад, балки ба тарзи татбиқи он, огоҳии мардум ва ҳамкории муассисаҳои динӣ, тиббӣ ва мақомоти давлатӣ вобаста хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД