Фарҳангро унсури ҳастии миллат мегӯянд ва дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба ин соҳа ҳамчун ба яке аз самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳ сурат мегирад. Вале маълум мешавад, ки на дар ҳама ҷо чунин аст...
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Фарҳанг ҳастии миллат аст», яъне миллате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад ва рушд медиҳад, қодир аст дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳо устувор бимонад ва пешрафт кунад.
Бо вуҷуди ин, мутаассифона, саҳни Қасри фарҳанг дар шаҳри Роғун имрӯз дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад. Қисми зиёди роҳравҳо валангору кайҳо боз таъмирталаб шудаанд. Қубурҳои фаввораи назди бино пурра осеб дида, ба даруни чуқурии фаввора афтодаанд ва дер боз интизори таъмир ҳастанд.
Ин қаср, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, шомгоҳон сокинони шаҳр барои фароғат ба инҷо меоянд. Аммо мизу курсиҳое, ки дар боғи назди он гузошта шудаанд, ба шароити нишаст мувофиқат намекунанд. Чӯбҳои рӯи мизҳо шикаста ва ғайри қобили истифода шудаанд. Дар натиҷа, бисёре аз сокиноне, ки бо нияти истироҳат меоянд, бо эҳсоси нохуш ва рӯҳияи шикаста ба хона бармегарданд.
Умедворем, ки масъулони шаҳр дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ барои бартараф намудани ин камбудиҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.
Меҳроншоҳ УСМОНЗОДА