Arzon march 2024
Фестивали афсарону сарбозон дар шаҳри Душанбе
248

Омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 23-феврал аллакай оғоз ёфтанд. Бо мақсади таҷлили мутантани ин ид дар шаҳри Душанбе Фестивали афсарону сарбозон баргузор мегардад.

Чорумин Фестивали афсарону сарбозон таҳти унвони «Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам» дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе баргузор гашта, барои дар сатҳи зарурӣ гузаштани он имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гашт.

Дар ҷаласа намояндагони масъули вазорату идораҳои қудратӣ, роҳбарияти қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе, комисариати ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳо, сохторҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳо ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба баргузор намудани Фестивали афсарону сарбозон ва дигар чорабиниҳо бахшида ба Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсози чорабинӣ масъули назорати рафти фестивал ва чорабиниҳои дигар мебошад. Дар ин хусус бора “Ховар” дар такя ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД