Commerce bank may-june 2026
Фестивали футбол бо дастгирии «Газпром нефт - Тоҷикистон»
08.06.2026
Oila.tj
367

Ҳамасола аввалҳои моҳи июн ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон “Фестивали футболи кӯдакона”-ро баргузор мекунад. Имсол панҷсолагии Фестивали футболи кӯдакона бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд.

7_7

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дастгирии варзиши кӯдакона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни насли ҷавонон мебошад.

2_19

Фестивали футболи кӯдакона дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи шаҳри Душанбе баргузор гашта, даҳҳо нафар кӯдакону наврасон дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ҷамъ омаданд, то дар ин чорабинии шавқовари варзишӣ иштирок намоянд.

3_17

Кормандони ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» дар чорабинӣ фаъолона иштирок карда, барои кӯдакон машқҳои гармкунанда ва мусобиқаҳои шавқовари варзишӣ ташкил намуданд.

4_15

Волидон ҳамроҳи фарзандонашон дар эстафетаҳои гуногуни варзишӣ ширкат варзида, Фестивали футболи кӯдакона ба як ҷашни ҷолиби оилавӣ табдил ёфт. Ҳузури аниматорон дар либоси қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ ба чорабинӣ шукӯҳи дигар бахшид. Кӯдакон дар ҳавои мусиқии ҷаззоб табъи дил рақсиданд ва шодию хурсандӣ карданд.

5_17

Дар охир аз ҷониби ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Душанбе ба иштирокчиёни ҷашнвора тӯб ва бозичаҳо тақдим карда шуд.

6_10

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД