Дирӯз, 15-уми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико 97-умин маросими ҷоизасупории баландтарин ҷоиза дар соҳаи синамо “Оскар-2026” баргузор гашта, филми коргардон Паул Томас Андерсон “One Battle After Another” (Як набард пас аз дигаре) якбора соҳиби 6 ҷоиза гашт.
Ҷоизаи “Оскар” ҳамасола аз ҷониби Академияи синамогарони Амрико барои беҳтарин филмҳо супурда мешавад. Соли равон филми коргардон Паул Томас Андерсон “One Battle After Another”-ро ҳакамон “Беҳтарин филми соли 2026” эълон намуданд, худи коргардон бошад, ду ҷоизаи “Оскар” – “Беҳтарин коргардон” ва “Муаллифи беҳтарин филмномаи мутобиқшуда”-ро ба даст овард. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мукаммали мардона” насиби ҳунарпешаи ҳамин филм Син Пен гашта, ҷоизаи “Беҳтарин танзим”-ро Энди Юргенсен, танзимгари филми мазкур соҳиб шудааст.
Ҳамин тавр, филми “One Battle After Another”-и Паул Томас Андерсон дар маҷмуъ соҳиби 6 ҷоиза – “Беҳтарин филм”, “Беҳтарин коргардон”, “Муаллифи беҳтарин филмномаи мутобиқшуда”, “Беҳтарин нақши мукаммали мардона”, “Беҳтарин танзим” ва ҷоизаи асосии “Оскар-2026” гашт.
Ҷоизаҳои дигари “Оскар-2026” насиби филмҳои зерин шуданд:
“Беҳтарин нақши мардона” – Михаил Ҷордан, филми “Гунаҳкорон”;
“Беҳтарин нақши занона” – Ҷесси Бакли дар филми “Ҳамлет: Қиссае, ки ба Ҳамлет илҳом бахшид”;
“Беҳтарин филми тасвирии комил” – филми “Шикорчиёни девҳо”;
Беҳтарин филми тасвирии кутоҳ” – “Духтаре, ки марворид мегирист”;
“Беҳтарин филми мустанад” – филми “Ҷаноб, ҳеҷ кас бар зидди Путин”;
“Беҳтарин тарона барои филм” - филми “Шикорчиёни девҳо”;
"Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ" - филми "Арзиши эҳсосӣ";
"Беҳтарин нақши мукаммали занона" - Эми Медиган дар филми "Силоҳ".