toyota motors
Гӯшти қурбониро чӣ хел тақсим мекунанд?
27.05.2026
Oila.tj
67

Салом. Ман бо як дӯстам ва ду писарамакам якҷоя пул ҷамъ карда, як гови калон харидем ва онро имрӯз қурбонӣ мекунем. Мехостам донам, ки гӯшташро чӣ хел бояд тақсим кунем? Як қисми гӯшти қурбониро ба ҳақу ҳамсояҳо хомталош диҳем, қабул мешавад ё не?

ЗАФАР, аз ш. Кӯлоб

Посух:

- Баробари азиз! Мавсими қурбонӣ дар рўзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи зулҳиҷҷа мебошад, ки имсол ба 27, 28 ва 29-уми май рост омадааст. Агар дар ин айём рўзона қурбонӣ кардан имкон набошад, пас дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рўзона забҳ кардан афзалтар мебошад. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рўзҳо қурбонӣ накард, бояд арзиши моли қурбониро ба муҳтоҷон, камбизоатону бесарпарастон садақа намояд.

Гўшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро ҳамчун хомталош садақа диҳед, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ захира кунед ва як ҳиссаи боқимондаро ба наздикону дўстонатон фиристед.

Гўшти қурбониеро, ки шумо ва дӯстонатон чанд нафар дар он мол шариканд, бояд байни худ одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Пўст, каллаву почаи моли қурбониро метавонад худ истифода кунад ё ба камбизоатон бидиҳад, аммо барои қурбоникунанда фурӯхтанаш ҷоиз нест.

Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гўшти қурбонии худ бихўрад. Ҳамчунин барои ў ҷоиз аст, ки аз гўшти қурбонӣ ба фақирону камбизоатон таом бидиҳад. Агар тамоми гўшти қурбониро барои хонаводаи худ захира кунад, ҷоиз аст.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў розӣ кардани вай бошад, маро розӣ кардааст, ҳар касе маро розӣ кунад, Худовандро розӣ кардааст ва ҳар касе Худовандро розӣ кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Ҳамон тавре ки аз ин ҳадис маълум мегардад, эҳсону некӣ ба ҳар навъе ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ба ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД