new banner new years
Гузориши мухтасар аз селҳои ду рӯз дар кишвар
292

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар мавриди селҳои ду рӯз гузориш мухтасар нашр кардаву иттилоъ дод, ки омадани сел, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу ярч то 22-юми май боқӣ мемонад.

Гузориши мухтасар аз селҳои ду рӯзи охир ва ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии кишвар:

Вилояти Хатлон. Ноҳияи Фархор

19-уми майи соли 2024 тахминан соати 07:30 дақиқа бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои 18-19-уми май болоравии сатҳи оби рӯди Ёхсу ба қайд гирифта шуд. Оби хориҷшуда аз соҳилҳои маъмулӣ 30 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархорро зери об кард. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дошта, корҳои бартарафсозии паёмадҳои офат идома дорад. Ҳамчунин ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

Ноҳияи Восеъ

18-уми майи соли 2024 наздикии соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ шаш нафар сокинони деҳаи Гулдараи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бар асари болоравии сатҳи об дар миёнаи дарёи Ёхсу мондаанд ва роҳи баромад ба соҳилро аз сабаби баландии сатҳи оби рӯдхона наёфтаанд.

Барои аз миёни дарёи пурхурӯш ба соҳил овардани сокинон кормандони наҷоти шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навоҳии минтақи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса расида, муддати 6 соат як амалиёти имдодрасонии пурхатарро анҷом додаанд.

Наҷотдиҳандагон бо ёрии ресмонҳо як пули муваққатӣ сохта, ба шахсони миёни обмонда худро расонидаву ба ҳар кадомашон либоси наҷот пӯшонида ва ба соҳил овардаанд. Онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштаанд.

НТҶ. Ҳисор

18-уми майи соли 2024 дар қаламрави деҳаи Кӯҳнабойи ҷамоати деҳоти Ҳисор сатҳи оби дарёи Кофарниҳон боло рафта, бар асари он ба ҳавлии муассисаи таълимӣ, нуқтаи тиббӣ, 7 гектар зироати кишоварзӣ ва ҳавлии 23 сокини деҳа об ворид шудааст.

19-уми майи соли 2024 дар натиҷаи боронҳои пайдарпай аз селроҳаи деҳаи Шерхони ҷамоати деҳоти Қалъаи шаҳри Ҳисор об хориҷ шуда, ҳавлии муассисаи таълимӣ ва се гектар замини кишти хоҷагии Сунбуларо зери об кардааст. Барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохуш шӯрои деҳоти маҳал ба соҳилҳои осебпазир 12 девори оҳанубетонӣ ва сангҳои калонҳаҷм гузоштаанд.

Ноҳияи Шаҳринав

18-уми майи соли 2024 дар натиҷаи боронҳои шадид болоравии сатҳи оби рӯди Қаратоғ мушоҳида шудааст. Дар натиҷа, хатари зери об мондани манзилҳои сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ба миён омадааст. Барои пешгирӣ кардани ин вазъият бо як техникаи вазнин маҷрои дарё тағйир дода шуда, аз зери об мондани биноҳои истиқоматӣ пешгирӣ шудааст.

Ноҳияи Рӯдакӣ

19-уми майи соли 2024 гурӯҳи кории кормандони масъули КҲФ ва дигар вазорату идораҳо зимни сафар ба ноҳияи Рӯдакӣ муайян кардаанд, ки ҳангоми боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Элок боло рафтаву ба хоҷагиҳои сокинони маҳаллӣ зарар расонидааст.

Дар деҳаҳои Адолат, Гулобод, Комсомол ва Шафақи ҷамоати деҳоти Зайнобобод таҳхонаҳои 2 бинои истиқоматӣ, 58 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва инчунин 74 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти мазкур зери об мондааст.

Дар маҳаллаи Румии ҷамоати деҳоти ба номи М. Турсунзода сел 50 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва 40 гектар замини кишоварзиро зери об кардааст.

Дар ҳудуди деҳаи Чорсуи ҷамоати деҳоти Чоргултеппа сел 200 метр соҳили чапи дарёи Элокро шустааст. Ҳамчунин дар ин мавзеъ бахше аз бинои маҷмааи шиноварӣ ва ду сутун қисман осеб дидаанд.

Шаҳри Ваҳдат

Боришоти шадид дар деҳоти шаҳри Ваҳдат боиси омадани сел гардидааст. Ҳамин тариқ, сел соҳили рӯдхонаи маҳаллиро байни деҳаҳои Чорбоғ-2 ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чӯянгарон зери об карда, ба ҳавлии сокинони маҳал даромадааст.

Дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов, Б. Бурунов, Чӯянгарон, А. Абдулвосиев ва Гулистон таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат бо кормандони КҲФ дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ тадбирҳо меандешанд.

19-уми майи соли 2024 зимни ҳашар дар ҳудуди маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розик бо истифода аз як воҳиди техникаи Кумита роҳи байнидеҳаии рустои Симиганҷ дар масофаи 330 метр тоза карда шуда, соҳили дарёи Симиганҷ мустаҳкам карда шудааст.

Аз ҷониби Муассисаҳои давлатии роҳи шаҳр бо истифода аз ду адад техникаи махсус аз ҷамоати деҳоти Явроз то маҳаллаи Хушон дар самти роҳи Ваҳдат-Ромит аз гил ва санг тоза карда шудааст.

Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел дар минтақаҳои Нуробод ва Сангвор идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД