sebiston july new
ИМОМ АБӮҲАНИФА (Р) КӢ БУД?
1556

 

Дар бораи Имом Абуҳанифа аз забони мардум қиссаҳои зиёде шунидаам. Андешаҳо дар бораи ин донишманди машҳур гуногунанд.

Яке мегӯяд, ки Имом Абу Ҳанифа ҳадисҳои пайғамбарро аз забони дигарон ҷамъ кардааст ва ба он эъимод карда намешавад, дигарӣ баръакс дар он фикр аст, ки саҳеҳтарин ҳадис ҳадисҳое ҳастанд, ки ин мади фозил гид овардааст. Мехостам ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, ки Имом Абу Ҳанифа дар асл кӣ буд ва дар ислом чӣ ҷойгоҳе дорад?

Набиҷон, хонандаи “Оила”

Посух

Санадҳои Имом Абӯҳанифа (р) дар илми ҳадис ба 70 адад мерасад ва бо номи «Ҷомеъул-масонид» машҳур мебошад. Ин марди хирадманд ҳукми тасдиқшудаи 83000 масъаларо аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбари Худо баровардааст. Дар ҳама давру замон нафароне буданд, ки Имом Абуҳанифаро ҳамчун шахси бе огоҳӣ аз илму аҳком баҳогузорӣ карда медонистанд,, баҳогузорӣ мекарданд, ҳол он ки ин олими намоёни дини ислом муҳаддис (муҳаддис нафареро мегӯянд, ки суханони ҳазрати Муҳаммад (с) –ро ривоят мекунад) мебошад. Фариқияти Имом Абуҳанифа (Р) аз дигар муҳаддисон дар он буд, ки нисбат ба ривояти ҳадис, бештар ба фаҳми маъно ва аҳкоми он таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ҷамъоварӣ мекард ва ба фиқҳи он машѓул мешуд. Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-интиќо» бо санади худ аз Иброҳими Давраќӣ чунин ривоят мекунад:

«Аз Яҳё ибни Маъин дар бораи Имом Абӯҳанифа (р) пурсида шуд ва дар ҳоле, ки ман мешунидам, гуфт: «ӯ сиќа ва боэътимод аст, ҳеҷ касеро нашунидам, ки ӯро заъиф нисбат дода бошад, Шуъба ибни Ҳаҷҷоҷ барояш дастур дода буд, ки ҳадис ривоят кунад». («Ал-интиќо», ҷ. 1, с. 127) Имом Шаъбӣ (85 ҳ.-160 ҳ.) дар бораи ҳифзи Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «Савганд ба Худо, фаҳми хубу накӯ ва ҳофизаи олӣ дошт». («Ал-интиќо», ҷ. 1, с. 127) Имом Шаъбӣ аввалин муҳаддисе буд, ки дар бораи ҷарҳу таъдил дар илми ҳадис сухан гуфтааст ва дигар муҳаддисин дар ин ҷода аз ӯ пайравӣ кардаанд. Бо вуҷуди сахтгирияш дар ҷодаи илми ҳадис, ин имоми бузургвор ба Имом Абӯҳанифа (р) дастур додааст, ки ҳадис ривоят кунад.

Имом Молик (р) ва Шофеъӣ (р) бештар ба фаҳми маънои ҳадис машѓул буданд ва дар ривояти ҳадис ба мисли Имом Абӯзуръа ва Ибни Маъин машҳур нашуданд, аммо ин чунин маъно надорад, ки Имом Абӯҳанифа (р), Имом Шофеъӣ (р) ва Имом Молик (р) муҳаддис набуданд. Ривояти ҳадис санадан ва бидуни фаҳм ва фиќҳи он чандон фоиданок набуда, балки назди салафи солеҳ мазаммат шудааст. Ба таври мисол, Имом Ибни Шубрума (р) (в. 144 ҳ.) мегӯяд: «Андак ривоят кун, фиќҳро биёмӯз». («Ҷомеъул-баён», ҷ. 2, с. 1014)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД