Имрӯз дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад
123

Имрӯз, 13-уми октябр дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барқ хомӯш карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин ҳолат то соати 17:00 давом мекунад. Давоми ин ин соатҳо дар як қисми кӯчаҳову маҳаллаҳои Армуғон, Шодоб, Гураҳа, Чағатай, Лучоби боло, Лучоби поён ва Тойқараи ноҳияи Сино интиқоли барқ маҳдуд мегардад.

Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт иттилоъ дода, сабабашро “гузаронидани таъмир дар Зеристгоҳи барқии “Қасри Тенис” ва Зеристгоҳи барқии “НОБ-2” гуфтаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, “вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмир дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД