Arzon march 2024
Имрӯз Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст мешавад
06.05.2025
Oila.tj
136

Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар фестивал ҳунармандони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Давоми як ҳафта ҳунармандони ин давлатҳо намоишҳояшонро дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобинон гардониданд.

Имсол Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» дӯстдорони санъати театрро аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷамъ оварда, беҳтарин намоишҳоро пешниҳоди тамошобинон гардонид. Он бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД