sebiston july new
Имрӯз соати 16.30 тими Тоҷикистон бо Урдун қувваозмоӣ мекунад
297


Имрӯз, 2 феврал бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз хоҳад ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд. Дастаи мунтахаби Урдун бо либоси сурх рақобат менамояд.

Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Фу Минги 41-сола аз Чин таъйин гардидааст. Дар майдон ба Фу Минг ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Жоу Фей ва Жанг Ченг кумак менамоянд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун иштирок менамоянд. Дар ин бора “Ховар”хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустин иштирок дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои таърихӣ ноил гардид. Шогирдони Петр Сегрт тавонистанд ба даври 1/4-ниҳоии мусобиқа роҳ ёбанд. Дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз муддаиҳои мусобиқа- тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд.
Тоҷикистон ва Урдун панҷ бозӣ бо ҳам анҷом доданд. Футболбозони Тоҷикистон дар як вохӯрӣ ва Урдун дар се бозӣ ғолиб омадаанд. Як бозии дигар мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст:
11.06.15 Тоҷикистон – Урдун 1:3. Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон
13.10.15 Урдун – Тоҷикистон 3:0. Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон
01.02.21 Урдун – Тоҷикистон 2:0. Бозии дӯстона
05.02.21 Урдун – Тоҷикистон 0:1. Бозии дӯстона
16.11.23 Тоҷикистон – Урдун 1:1. Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД