formula
Имтиёзи нав ба оилаҳо
451

Дар Русия пешниҳод кардаанд қитъаи замин ба онҳое дода шавад, ки беш аз 10 сол дар никоҳи расмӣ зиндагӣ мекунанд.

Вакилони Думаи давлатӣ аз Ҳизби либерал-демократӣ бо сарварии раҳбари фраксия Леонид Слутский ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи Қонун "Дар бораи додани замин ба оилаҳоеро, ки беш аз 10 сол издивоҷ кардаанд ва соҳиби фарзанд шудаанд", пешниҳод мекунанд,- хабар дод “ТАСС” бо истинод ба бахши матбуоти вакил.

Қарор аст, ки тарҳи ислоҳот пас аз дарёфти хулосаи ҳукумат ба Думаи давлатӣ ироа шавад”,- гуфта шуд дар гузориш.

Ба гуфтаи Слутский, ин ташаббус ба гузариши тадриҷӣ ба бунёди биноҳои камошёнаи муосири берун аз шаҳр нигаронида шудааст ва имкон медиҳад тамоми қаламрави кишвар обод шавад.

"Мо бояд аз урбанизатсияи беандешона даст кашем ва аз бунёди шаҳракҳои беохир дар шаҳрҳои калон ба сохтмони муосири амволи ғайриманқул ва сохтмони камошёна гузарем. Агар мо ин корро анҷом диҳем, пас аз бунёди чанд мегаполис имкон пайдо мекунем, ки тамоми қаламрави кишварро обод созем”, - шарҳ додааст раиси Ҳизби либерал-демократӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД