Arzon april 2022
Интернет бидуни маҳдудият: Zet-Mobile тарофаи нави «БЕМАЛОЛ»-ро роҳандозӣ намуд
06.07.2022
ОИЛА
538

 

Муштариёни ZET-MOBILE метавонанд интернети бемаҳдудро дар як ҳафта ё моҳ пайваст кунанд ва бидуни маҳдудият истифода баранд. 

Агар шумо интернетро пайваста барои кор ва вақтхушӣ истифода мебаред, пас ба тарофаи “Бемалол”-и ZET-MOBILE таваҷҷуҳ намоед. Хусусияти асосии он интернети бемаҳдуд мебошад ва шумо метавонед ҳаҷми бастаҳои дақиқа ва SMS-ро барои худ интихоб кунед. Бо чунин тарофа аз ҳолати тавозун хавотир нашавед, зеро суратҳисобро дар як ҳафта ё як моҳ як маротиба пур кардан кифоя аст, ки дар ин бора шумо бо смс огоҳ карда мешавед.

"Афзалияти нақшаҳои тарофаҳои бемаҳдуди ширкат дар пардохти хурди абонентӣ дар як моҳ аст. Илова ба интернети бемаҳдуд, тарофа дорои дақиқаҳои муошират дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин як қатор смс-ҳои ройгон барои дӯстдорони паёмакҳо мебошанд”- мегӯянд намояндагони хадамоти робита бо ҷомеаи ширкати мазкур.

Арзиши бастаҳои тарофавӣ аз 15 то 200 сомонӣ мебошад. Барои бастаҳое, ки интернети бемаҳдуд надоранд, имконоти иловагӣ дода мешавад. Бо пардохт намудани маблағи муайян, муштариён метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд, мессенҷерҳо, YouTube и Tik-Tok баҳравар гарданд.

Ширкати Zet-Mobile назди худ мақсад гузоштааст, ки муштариёнашро бо тарофаи фоиданок ва дорои интернети баландсуръат таъмин намояд. Мутахассисони ширкат дарк менамоянд, ки имрӯз муштариён ба хизматрасонии босифати алоқаҳои мобилӣ ниёз доранд. Мусаллам аст, ки интернет барои тиҷорат, таҳсилот, истироҳат ва тамоми соҳаҳои дигари ҳаёт имконияти бемаҳдуд медиҳад. Дар робита ба ин, ширкат тамоми имкониятҳои худро барои созмон додани таҷҳизоти нави алоқа дар ҳудуди Тоҷикистон истифода бурда истодааст, таваҷҷӯҳи махсус ба минтақаҳои дурдасти аҳолинишин дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД