Тирамоҳи заррин ба деҳа омад. Барои Маҳина ин фасл дигар на фасли ҳосилхезиву фаровонӣ, балки фасли завол буд. Ду сол аст, ки ин духтари шӯху зебо, ки хандаҳояш деҳаро зинда мекард, дар зиндони бистари худ маҳбус аст. Ду соле, ки барояш аз як аср ҳам тӯлонитар менамояд. Танҳо дасти росташ ба ӯ итоат мекунад, ҳамон дасте, ки акнун ягона марҳами розаш ва силоҳи ягонааш, яъне қаламро медорад.
Сахттарин зиндон - ин ҷисми беҳаракати худи инсон будааст,- навишт ӯ дар саҳифаи аввали дафтараш ва қатраи ашки гарм сиёҳии тозаро шуст.
Ҳамааш аз он рӯзе оғоз шуд, ки Далер ба муҳоҷират рафт. Онҳо аз давраи навраси ҳамдигарро дӯст медоштанд ва фотиҳа шуда буданд. Далер вақти хайрбод дар лаби ҷӯйбор қасам хӯрда буд:
- Маҳина, ту фақат мунтазир бош. Меравам, кор мекунам, меояму қасри бахтамонро месозем.
Маҳина бовар кард. Ӯ се сол ҳар як сонияро шумурд, ҳар як занги телефонро бо тапиши дил ҷавоб медод. Аммо Далер дар шаҳри Свердловски Русия духтари дигареро ёфт. Ӯ духтари ягонаи директори як корхонаи чармбарориро вохӯрд. Сарват, мошинҳои хориҷӣ ва ваъдаи зиндагии шоҳона Далерро чунон маст кард, ки Маҳинаи содаи деҳотиро мисли як бозичаи кӯҳна аз ёд баровард.
Вақте Далер бо мошини гаронбаҳо ва арӯси наваш - духтари нозанини чечен ба деҳа омад, гӯё осмон ба сари Маҳина фурӯ рехт. Ӯ бо қаҳру ғазаб ба ҳавлии онҳо рафт.
- Далер,- фарёд зад Маҳина, вақте ашк гулӯяшро мефишурд.- Магар ҳамин буд ваъдаҳои ту? Магар барои ҳамин се сол ҷавонии худро дар интизории ту гузаронидам?
Далер бо кибр аз мошин фаромад. Нигоҳаш хунук, мисли яхи Сибир:
- Рав аз ин ҷо, худатро шарманда накун. Замон дигар шуд. Ин занро ман ошиқ шудам, мефаҳмӣ, ошиқ.
Ин суханон мисли теғи заҳролуд ба қалби Маҳина халиданд. Ӯ ба хона баргашт. Дар лаҳзаи ҷунун, вақте ақл дигар ба дард тоб наовард, ӯ қариб 30 дона ҳабҳои гуногунро фурӯ бурд. Ӯ мехост танҳо хоб кунад ва дигар ин дунёи бевафоро набинад. Худкушӣ барояш ягона роҳи халосӣ аз таҳқир менамуд.
Марг наомад, вале зиндагии Маҳинаро бо худ бурд. Таъсири заҳри доруҳо силсилаи асабҳои ӯро мисли оташ сӯзонид. Чаҳор моҳ дар беморхона хобид, вале натиҷа ин шуд, ки як тарафи баданаш карахт гашт. Акнун ӯ маъюб буд. Далер бошад, ҳатто як бор ба аёдаташ наомад ва бепарво бо ҳамсараш ба Русия баргашт.
Дар ин рӯзҳои вазнин ягона дӯсти Маҳина қалам буд. Ӯ менавишт. Навиштаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо дод. Дар байни ҳазорон хонанда як нафар буд, ки ҳар сатри ӯро бо дил мехонд - Ормон. Ӯ духтури ҷавон ва ботамкин буд. Ормон на ба ҷисми маъюби Маҳина, балки ба рӯҳи шикастнопазир ва қалби поки ӯ ошиқ шуд.
Бо кумаки Ормон ва машқҳои пайваста пас аз ду соли дигар Маҳина тавонист аввал дар аробача нишинад ва баъд бо асобағал қадами аввалини худро гузорад.
Ҳаёти Далер дар Русия мисли қасри қумӣ фурӯ рехт. Зани сарватмандаш ӯро партофт, пулу молаш аз даст рафт ва ӯро аз кор ронданд. Далер бо дили пур аз ҳасрат ва чеҳраи хаста ба деҳа баргашт.
Шаби пеш аз тӯйи Маҳина Далер ба назди ҳавлии ӯ омад. Ӯ Маҳинаро дид, ки бо асобағал оҳиста роҳ мерафт.
- Маҳина, маро бубахш,- Далер ба зону афтод.- Пул маро кӯр карда буд. Биё, ҳамаашро аз нав сар кунем. Ман туро тӯй карда мегирам. Тӯйро гардон, илтимос.
Маҳина бо оромии амиқ ба ӯ нигарист:
- Далер, ту танҳо вақте баргаштӣ, ки худат шикаст хӯрдӣ. Аммо ман аз шикастапораҳои худам як одами нав сохтам. Пагоҳ тӯйи ман аст. Ормон беҳтарин инсон аст. Ӯ маро аз чоҳи ноумедӣ берун овард. Туро бахшидам, аммо дар зиндагиам дигар ҷой надорӣ. Мегӯянд, ки аввал санҷу пас дил бидеҳ. Ман ҳам чунин мехостам. Вале ту якбора дили мағрури маро фатҳ кардӣ. Бо як дидан дӯстат доштам. Аз он лаҳза ҳаётам ранги дигар гирифт. Туро бо тамоми ҳастӣ дуст медоштам. Вале ба зудӣ маълум гашт, ки хато кардаам. Зеро ту миёни синаи танг як дил не, сад дил доштаӣ. Чун кабӯтари дубома ба ҳар кас, ки рост ояд, дил додаю ошиқ мешудаӣ. Оҳ, чӣ хатое кардам ман, хатои авфнопазир. Пас рост мегуфтаанд, ки чашмони муҳаббат кӯр будааст, кӯр. Ба чашмонат менигарам, то амиқ дили туро дарк намоям. Аммо он ғарқи ҳавас асту меҳру муҳаббат вуҷуд надорад. Мегурезам аз дили бемеҳр, то қурбони ҳавасҳои ту нагардам.
Рӯзи тӯй деҳа дар ҷашн буд. Маҳина дар либоси сафеди арӯсӣ, мисли фариштае буд. Ӯ дар остонаи хона истод, асояшро ба замин гузошт ва бори аввал, танҳо бо такя ба дасти шавҳараш Ормон аз остона гузашт.
Далер дар канори роҳ, дар миёни издиҳоми мардум, ки ҳеҷ кас ӯро намешинохт, китоби хотироти Маҳинаро ба синааш фишурд ва зор-зор гирист. Ӯ акнун медонист: Маҳина қадам заданро ёд гирифт, аммо Далер то охири умр дар чоҳи пушаймонӣ ланг монд.
Шаҳлои НАҶМИДДИН