sebiston july new
Ишқи бачаи ҳамсоя
4648


Келини ноӯҳдабаро коҳдонро ба нондон табдил дод?
Мо соҳиби меросҳои зиёдем. Дар баробари меросҳои илмию адабӣ ва моддию маънавӣ “аз худӣ келин кардан” ҳам мерос гаштааст. Бегона вагон-вагон, духтарони қадраси парӣ барин зебо, аммо модари бечораи ҷавон ба ногоҳ барои чизеро пурсидан ҳам дари бегонаро кӯбад, худиҳо қаҳр карда пою қадамашонро аз даргоҳи ӯ мекананд ва дар ҳама ҷо ганда карда мегарданд, аз хамин хотир “риштаи хешу таборӣ канда нашавад” гуфта, писардорҳо маҷбуранд, ки келини худӣ кунанд. Духтарҳои бечора ҳам ҳайронанд, ки бегонаро дӯст доранд ё не, охир ба худӣ ошиқ шавӣ, айб мекунанд, ба бегона дил бандӣ, намедиҳанд...
Ҳамин дунёба омадӣ чию наомадӣ чи?-мепурсад бо лабу рӯи аз зарби ғазаб сурхгашта дугонаам Моҳигул.
Аниқ медонам, ки ин духтарро модараш дар нуҳ моҳу нуҳрӯзагияш зодааст, аммо чунон рафтор мекунад, ки гӯё норасид таваллуд шуда бошад. Бисёр бетоқат, бетаҳаммул ва ҳамеша саросема аст, хислати нимхубу нимбади осемасарияшро ҳатто дар ошиқ шудан ҳам собит кард.
Ҳанӯз дар синфи чорум мехондем, ки муаллимаи адабиётамон бо бадеият “ишқ манбаи зиндагӣ аст” гӯён, моро ба ошиқ шудан талқин мекард. Албатта муаллима ишқи Ватанро дар назар дошт, аммо Моҳигул дар дарки ин мафҳумҳо низ саросемагӣ карда ба ҷои модар-Ватан ошиқи ҳамсояи давор ба деворашон гашт. Оташи ишқ дар дили Моҳигул якбора бензин пошидагӣ барин, аланга гирифт. Ҳанӯз сарашро худаш шона зада натавонад ҳам, ҳар рӯз перчоскаҳои нав ба нав карда, ба дарс меомад. Аз бетоқатӣ ҳатто мактабро то охир нахонда, баъди синфи нуҳ дар тараддуди арӯсӣ афтид. Мабодо касе “хой духтар, ҳоло барои келин шудани ту барвақт аст, аввал кору бори хонаро омӯз, ҳурмату эҳтиромро ёд гир, ба ҳаёти мустақилона омода шав, баъд шавҳар кун” гӯяд, дар бало мемонд, Моҳигули ҳозирҷавоб “ҳар кас тавонаду дар намонад” гӯён, ба даҳони насиҳатгар бо гап чунон гол мезад, ки аз гуфтааш пушаймон мешуд.
Дугонаам арӯси таппа тайёр буданашро ба ҳамсояҳо нишон доданӣ шуда, сари субҳи солеҳон аз хоб мехесту шохҷорӯби калонро гирифта ба ҳавлирӯбӣ медаромад. Азбаски аз куҷо сар кардани ҳавлирӯбиро намедонист, аз байни ҳавлӣ сар карда хоку чангу поруро ба чор тараф пош медод. Модаркалони бечорааш аз “репититсия”-и беҳунаронаи Моҳигул ҷонбезор шуда “вой сари шармандаам, пагоҳ ин духтар чӣ хел ба касе келин мешуда бошад?!” гӯён, сарашро медошт.

Кордон набош, гапдон бош!
Хуллас, пушти пояшро хари ба бор пахш накарда, Моҳигул шӯй кард. Ин духтари танноз кафгирро аз кафлес фарқ карда натавонад ҳам, забонаш чунон дароз буд, ки гумон мекардед аз вай дида зани доною чаққонтар дар тамоми дунё нест. Ба ҳамин ҳолу аҳвол Моҳигул ба як оилаи калони шиллинги ангур барин сержуҷум келин шуда рафт. Хонаашон, ки дар сари роҳ буд, бояд хурӯси ҳамсоя бедор нашуда, Моҳигул ҳавлию кӯчаҳоро меруфт, бар замми ин, хусуру хушдоман ва хусуркалону хушдоманкалонаш аз якдигар нозуктару нозукхӯр буданд ва мебоист арӯсак барои онҳо се вақт хӯроки табъи дилашонро тайёр карда диҳад. Барои ҳамин баъди ду- се моҳи оиладорӣ “калид” барин харобу борик шуда монд. Худаш хароб шуданашро фоли нек арзёбӣ мекард, аммо модараш ба шиносу ношинос ҳамеша арз карда мегашт:
-Духтарама ду бари рӯяш кулча барин буд, шӯ карду калидча гашт. Дилам пур буд, ки духтарам куҷое равад, аробаашро мекашад, аммо дар он оилаи калони бесару нӯг сари калобаашро гум кард бечора...

Чаро тоқати “калид”-ак тоқ шуд?


Моҳигул дид, ки дигар китоб-китоб гапдониаш баробари ҷорӯбро қапида тавонистанаш рол намебозад, иқдоми навро пеш гирифт ва ҳамин, ки хушдомашан аз дар баромад, аввал хамир мушт мекарду баъд аз пайи дигар корҳо мешуд. Сабаби коромӯзии пинҳонии ин келини нозанин дар он буд, ки ҳар гоҳ нон пазад, хушдоманаш дар болои сари ӯ рост истода кору борашро наззора мекард. Моҳигул дасту по гум карда, чӣ кор кардашро надониста мемонд. Дар хона набудани хушдоманаш барои ӯ фурсати қулай барои коромӯзӣ буд, аммо пайти муносиб ҷустанҳои келинчаки ҳушёр дер давом накард. Рӯзе як тағора нонҳои ба хокистар олударо ба охӯри гов бурда истода буд, ки хушдоманаш аз оғил баромад. Моҳигул аввал худашро гум кард, баъд забони баҳонаҷӯякаш ба имдодаш расида, бидиррос зад:
-Ман мехостам то шумо омадан нони гарм пухта, вақтатонро чоқ кунам, вале дидам, ки дар соғу ду-сетои дигар нон мондааст...
Хушдоманаш ба миёни гапи Моҳигул лагад зада бо қошу қавоқи гирифта гуфт:
-Келин, дигар ин хел вақти маро чоқ накунед, ки коҳдон ба нондон табдил ёфтааст!

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД