Formula july 2024
Ишқи духтари рус ба сарам бало овард
1245

Салом!Ман як ҷавони бемори тоҷик мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ба дигар бачаҳои тоҷик, ки нияти ба Россия рафтан доранд, дарси ибрат гашта, ҳар як қадами худро дониста гузоранд.

Ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ аз падарам нозукиҳои ҳунари устогиро омӯхта будам ва бо умеди пули калон кор кардан баъди хатми мактаби миёна роҳи Русияро пеш гирифтам. Азбаски панҷ панҷаам ҳунар буд, ба зудӣ кори хуби сердаромад ёфтам. Ҳамин тавр 5-6 сол дар Россия кор карда, хонаву дарамонро обод намудам, мошин харидам, вале...

Беҳуда нагуфтаанд, ки пули бисёр одамро вайрон мекунад, ман ҳам пули зиёдро дида оҳиста-оҳиста аз худ рафтам ва ба духтарбозию айшу нӯш сар кардам. Аввалҳо бо аня ном духтараки боодоби рус риштаи ишқу муҳаббат доштам. Бисёр духтари хуб ва бамаънӣ буд, вале боре ҳарду ба дискотека рафтем ва ман шароби бисёре нӯшида, маст шудаму сари мастӣ ӯро лату кӯб кардам. Духтарак қаҳр карда, дар наздами шарт гузошт, ки аз ду якеро интихоб намоям: вай ё арақ?!

Дар назди духтар сар хам кардан нахоста, рав, даъф шав, боз 100 арӯси дигар меёбам гуфтам.
Ҳамин тавр мо аз ҳамҷудо шудем ва ман барқасд бо духтари дигаре шинос шудам. Ин духтар дар ҳусну ҷамол аз Аня сад баробар зеботар бошад ҳам, кӯчагард будааст. Бо арӯси навам ҳар рӯз айшу ишрат карда мегаштем. Пулњоямро ба сараш пошида, худро Њотами той нишон медодам. Духтар сайди муфт ба дом афтодаро аз даст додан нахоста маро ба хонааш мебурд ва шабро бо њам саҳар мекардем. Ба ќавле маззахўрак шуда мондам, вале се-чор моҳ пас аҳволам якбора чунон бад шуд, ки хаёл мекардам ҳамин замон ё замони дигар мемирам. Ба духтур рафтам.Ташхис нишон дод, ки ба як бемории винерикӣ гиирфтор шудаам. Дунё дар назарам торикистон шуд. Бо азобе ба Тољҷикистон омадам. Аз як тараф беморию аз љониби дигар бори шармандагӣ маро дарун ба дарун сўхта нобуд карда истодааст. Намедонам сарамро чӣ хел дар байни ҳамсояҳо ва хешу табор бардорам.

Аз ҷавононе, ки мисли ман азми сафари Русия доранд, хоҳиш мекунам, ки дар кишвари бегона аз шиносоӣ бо духтарон худдорӣ намоянд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД