sebiston july new
Ишқи нобаробари Озода ва Аминҷон Қисми 2
05.05.2022
ОИЛА
1772

    Ду рӯз пас аз ин сӯҳбат як нисфирӯзӣ ман дар ҳуҷраи тарабхона ӯро мунтазирӣ мекашидам, Озода дер карда омад ва бо омаданаш ҳуҷраро бӯйи хуши атри Шанел фаро гирифт.

Ӯ пираҳани атласи сурхфом ба бар карда буду рӯймолашро сегӯша баста буд, чӣ қадар зебо буд….

Рӯзи дар беморхона диданам майкаи сиёҳ ва ҷинсу пойафзоли варзишӣ дошт, ошиқтараш шудам. Озода хеле озод буд, ман мехостам барои ӯ зиёфати шоҳонае диҳам, аммо ӯ ба пешхизмат нигариста гуфт: -Барои ман хӯриши сабзавотӣ ва ним коса шӯрбо, лимӯчой…

                                      Нозанини якрав

Ӯ бо ин зебоиву салобат ин қадар оддӣ, хоксор ва хушсухан буд, ки аз тамошову сӯҳбаташ дилам сер намешуд. Чун ба вай гуфтам, ки ошиқаш шудаааму додарам нагӯяд, баланд хандид. Аз хандааш қаҳрам омаду гуфтам, ягон ҷойи ханда аст?! “Амирҷон, гӯш кун”, афзуд Озода, “агар ту алфонс бошӣ, ман бой нестам, бевазани бо маош зандагӣ мекардаам. Ду писару ҳафт набера дорам, ҳар кадом зиндагии алоҳидаи худро доранд. Ман бо меҳнати ҳалол зиндагии худро мебарам тавони бардоштани алфонсро надорам”. Озода инро гуфту чашмони зебояшро нипӯш карда пурсид:- Чандсолаӣ?

-Сиву панҷ,- гуфтам дар ҷавоб аз алофонс гуфтанаш хун ба сарам зада буд, -ман чилу панҷ, даҳ сол аз ман хурдӣ”,- пичиррос зад ӯ ва хомӯш монд. Ман бо оромӣ ба ӯ гуфтам:

-Ман алфонс нестам, аз мошинам маълум нест?

-О алфонсҳои мошиндор кам нестанд, -хандид ӯ,- ман алфонсеро мешиносам, ки чархҳои мошинашро як кампир мехарад, оинаҳояшро бошад, кампири дигар сиёҳ мекунад, шояд мошинашро ҳам кадом кампираки бечораи ҳасратӣ харидааст…. Бо як ветерани меҳнат, ки собиқ сиёсатмадор аст, ба хотире вазифааш гирифта диҳад «ошиқ» аст, занҳо куртаву костюмаш мехаранд, зану кӯдаконаш бошанд, дар хобгоҳи чиркине зиндагӣ мекунанд…. Боз савол дорӣ? Агар бовар накунӣ, ному насабу ҷойи корашро мегӯям, рафта санҷ…

-Не, ман бо шумо алфонсшинос баҳс карданӣ нестаму ман кори хуб, ҳавлии дуошёна, зану ду фарзанд дорам, агар розӣ шавӣ, туро зани дуюм мегираму ҳозир бароят хона мехарам,-гуфтам асабиёна…

Озода боз хандид ва гуфт:-Раҳмат, хонаро рафта ба ягон духтараки чизпарасти гурусна ваъда намо, ман бо чизе, ки дорам, қаноат мекунам ва ягон бор аз касе чизе тамаъ накардааму намекунам….

Се моҳ боз ман зорӣ мекунаму ин хонуми якрав розӣ намешавад, бо ман вохӯрад. Бале, мефаҳмам, ман зану фарзанд дорам, даҳ сол аз вай хурд ҳастам, аммо чӣ кор кунам, бори аввал дар ҳаётам ошиқ шудаам! Агар як рӯз овозашро нашунавам, худамро бемору нотавон эҳсос мекунам, дасту дилам ба кор намеравад, иштиҳоям баста мешавад. Ҳамин қадар мегӯям, ки ман зану фарзандамро намепартоям ва ӯро низ аз эшон кам намедонам… Аммо ӯ барномаи худро дорад, ки як вожа дорад “НЕ!”

Чӣ бояд кард?!

 Амирҷон

 Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД