sebiston july new
Испанд, шароб -гуфта қариб гӯрамро бо дастам мекандам (ВИДЕО)
3100
Испанд, шароб -гуфта қариб гӯрамро бо дастам мекандам (ВИДЕО)

 

Як рӯз бо шавҳарам тамоми бозорҳои Душанберо гаштем, -менависад Муаттара Раҳимова. Мардуми ба воҳима афтода, худро ба болои испанд партофта, қопча-қопча аз ҳар гӯшае, ки чашмашон ба испанд меафтод мехриданд.

Мо ҳам куҷое, ки испанд буд харидем. Ду халтаи калон шуд. Фикр кардем, ки як қисмаша барои фарзандонамон, ки дар Россия кор мекунанд, мефиристем ва онҳоро аз коронавирус эмин нигоҳ медорем. Бадии корро бинед, ки парвози сомолётҳоро барҳам доданд. Хонаро ҳар рӯз кӯрдуд мекардем. Хана дароӣ бӯи тамоку кашидагӣ мекард. Фикр кардам, ки коронавирус аз остонаи дари мо дарун намедарояд. Дуд кардаму, дуд кардаму дуд кардам, қариб буд, ки дуди худам ба осмон барояд. Баъди тамошои видеои вирусшиноси америкоӣ ҳуш ба сарам омад. Раҳмат ба падари ҳамин вирусшиносу муаллифи вай, ки барои гирифтор ношудан ба коронавирус пешниҳодҳои хуб карданд. Ҳамин кора Вазорати тандурустӣ бояд барвақтар мекард. Аммо онҳо куҷоро нигоҳ мекунанд?

Шавҳарам пушти мошин чанд яшик арақ овард, - навиштааст дар номааш ба сомонаи Оила муаллима Халилова Соро. Ҳайрон шудам, пурсидам, ки хок ба сарат ин қадар арақро чӣ кор мекунӣ? Дар ҷавоб гуфт, ки ақли зан баъд аз пешин медарод, коронавирус омадагӣ, ҳар рӯз кам-кам арақ нӯшидан даркор, ки ба он гирифтор нашавӣ. Ҳоло мебинӣ, дар Душанбе коронавирус сар шавад як дона арақ намемонад, тезтар харидан даркор. Ҳар саҳар, сари дастархон, ки шиштем шавҳарам арақа биёр мегӯяд. Ҳатто маро ҳам ба нӯшидан маҷбур мекард. Хайрият видеои мутахассиси коронавируси америкоиро дар Pressa.tj тамошо кардам. Арақ қотили коронавирус не, модари вай будааст. Э вой бар ҳоли мо тоҷикои нодон. Агар ҳамин видео намешуд шавҳарам бадмаст мешуду коронавирус ҳупӣ карда ба даҳонам медаромад. Телевизион куҷо нигоҳ мекунад, ҳамин хел сӯҳбатҳо кунад намешавад? Баъди тамошои ин видео воҳима гум шуд, акнун чm кор карданамро медонам. Ҳар оилаb тоҷик агар хоҳад, ки ин вирус дари хонаашро кӯбад, бояд ин видеоро тамошо кунад.

Ман фикр мекардам, ки бо маҳлули спирт шустани дасту ниқоб пӯшидан роҳи наҷот аз коронавирус аст, - менависад Асрор Раҳмонзода. Баъди тамошои видеои мутахасиси Америка фаҳмидам, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст. Агар худи одам пешниҳодҳои ҳамин мутахасисро риоя кунад, коронавирус як километр аз вай мегурезад.

Мехоҳед, ки коронавирус даратонро накӯбад? Мехоҳед аҳли оилаатон сиҳату саломат бошанду аз ин вабои аст эмин бошанд? Пас ин видеоро тамошо кунед ва тавсияҳои онро иҷро намоед!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД