arzon replenishment
Қиссаи ҷавонмардони шуҷои тоҷик, ки дигаронро аз марг наҷот доданд
1154

Пас аз амали террористие, ки моҳи марти соли равон дар толори “Крокус-Сити-Холл”-и Русия рӯй дод, муносибат бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар бад шуда, бо ҳар баҳона ба онҳо фишор меоранд.

Аммо, тавре дар урфият мегӯянд: “Панҷ панҷа баробар нест” ва дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шахсоне ҳастанд, ки ҳаёти худро дар хатар гузошта, ҳаёти мардуми русро наҷот додаанд. Имрӯз мо дар бораи чанд далели қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия маълумот медиҳем.

Муҳоҷир кӯдаки русро аз марг наҷот дод

Соли гузашта муҳоҷири 32-солаи тоҷик Манучеҳр Расулов як зани русро бо фарзандаш аз марг наҷот дода буд. Манучеҳр дар шаҳри Екатеринбург дар сохтмон кор мекард. Рӯзи 1-уми августи соли 2023 дар наздикии маҳали кораш сӯхтор сар зад ва ин ҷавонмарди шуҷои тоҷик ҷони худро дар хатар гузошта, як зани русро, ки бо кӯдаки хурдсолаш дар ошёнаи 25-уми бинои оташгирифта доду фарёд мекард, қабл аз он ки сӯхторхомӯшкунандагон ба ҷойи ҳодиса бирасанд, аз бинои сӯхтаистода баровард. Барои ин қаҳрамонӣ ба муҳоҷири тоҷик 50 000 рубл мукофот доданд.

Муродалӣ амали террористиро дар масҷид пешгирӣ намуд

Муҳоҷири дигари тоҷик Муродалӣ Қувватов ҷонашро дар хатар гузошта, ба дастгир намудани як сокини Россия бо номи Алексей Бинявский, ки бо граната ба масҷиди Люберци ворид гашта, мехост масҷидро тарконад, ёрӣ расонд. Ҳодиса тирамоҳи соли гузашта дар рӯзи ҷумъа, ҳангоми намоз рӯй дода, Алексей Бинявский граната дар даст вориди масҷид шуд ва бо тамоми овоз дод зада, таҳдид кард, ки вай мусалмононро ҷашми дидан надораду ҳозир ҳамаашонро якбора метарконад.

Намозгузорон ба даҳшат афтиданд, вале Муродалӣ далерона ба сӯйи марди гранатадор давида, аз дасти гранатадори Бинявский маҳкам дошт ва кашолакунон ӯро аз масҷид баровард. Баъдтар маълум шуд, ки граната “муляж” будааст, вале дар он лаҳзаҳои даҳшатбор ҳатто кормандони мақомоти қудратӣ ҷуръат накарданд, ки ба марди граната дар даст наздик шаванд, аммо муҳоҷири тоҷик далерона ин корро кард.

Шокирҷон кӯдакро аз саги ҷангӣ наҷот дод

Моҳи ноябри соли гузашта як муҳоҷири тоҷик, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекардааст, кӯдаки русро аз чанги саги ҷангӣ наҷот дод. Духтарча дар кӯча ба ҳамлаи саг дучор гашта буд ва агар муҳоҷири тоҷик сари вақт ба имдоди кӯдак намерасид, саги ҷангӣ ин тифлакро пора-пора мекард. Марди кӯдакро аз ҳамлаи саг наҷотбахшида Шокирҷон Раҳматов ном дошта, дар Калуга ба сифати таксист кор мекардааст. Мири шаҳри Калуга барои ин қаҳрамониаш ба муҳоҷир расман изҳори сипос намуда, Шокирҷон Раҳматовро бо грамота сарфароз гардонд.

Тавре ки худи Шокирҷон ба журналистон нақл карда буд, он рӯз вай ба ҳамон минтақа мусофир бурда, тасодуфан шоҳиди ҳодисаи нохуш гаштааст. Ба гӯши таксисти тоҷик аввал садои саг ва баъд овози гиряи кӯдак мерасад. Одамони зиёде дар гирду атроф будаанд, вале ба ҷойи кӯдакро аз чанголи саг халос кардан онҳо ин манзараи даҳшатангезро дар телефонҳои мобилиашон сабт мекарданд.

Танҳо муҳоҷири тоҷик ба имдод расида, бо сад ранҷу азоб духтарчаро аз чанги саги ҷангӣ, ки ваҳшиёна кӯдаки бечораро мегазид, халос кардааст.

Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик сӯхторро хомӯш карданд

Охири соли гузашта, аниқтараш 25-уми декабри 2023 дар Челябинск сӯхтор сар зад. Зани соҳибхона ба кӯча баромада, бо тамоми овоз доду фиғон мекард, ки хонааш оташ гирфтааст. Як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик, ки дар ҳамон наздикӣ кор мекарданд, зуд ба имдод шитофта, то расидани кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ оташро хомӯш карданд ва аҳли оиларо аз марг наҷот доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД