Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: Интиқом (ҚИСМИ 3)
3971

Духтурон ўро ба мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурданд. Падару модар ва хешу табораш зору гирён аз қафояш рафтанд.

Мурофияро ба дигар рўз монданд.

- Ту номард, аҳмақ будаӣ – гуфт Шодӣ ба Беҳрўз.

Гулбарин духтари зеборо ҳайф кардӣ, ба ҳама мегўям, ки ту интиқоми муаллимро аз вай гирифтӣ.

- Ту девона шудӣ? Бо ду гапи духтар дўстии чандсолаамонро фаромўш кардӣ? Дўстӣ он тараф, ин қадар пулро чӣ? – Ба ғазаб омада гуфт Беҳрўз.

- Дўстияту пулҳофт саратро хўрад. Ман аз баҳри ҳар дуяш гузаштам, қоил мешавам.

- Туро зиндон мекунанд.

- Ба ҳама чиз розиям, ҳатто ба марг. Аввал ба пеши муаллим меравам.

- Не, исто! Нарав Шодӣ! Илтиҷо мекунам.

Чӣ қадар пул мехоҳӣ медиҳам, хона, мағоза. Фақат ба муаллим нагўй. Ман Садафро дўст медорам, аз ў ҷудо намешавам.

- Ту ўро куштӣ Беҳрўз! Мефаҳмӣ? Ман рафтам.

- Чӣ мегўяд? Куштам?

- Аз худаш мепурсид Беҳрўз. Вай девона аст, ҳар чӣ мехоҳад, гуфтан мегирад. Маро тарсондан мехоҳад. Хост, ки рафта дар рўйи харак шинад. Ногоҳ ба хотираш расид, ки Садаф ба замин афтода буд.

Саросима шуда, даст ба ин ҷайбу он ҷайбаш мебурд, калиди мошинашро мекофт. Ёфт.

- Шодӣ рафтем, тез бош!

Шодӣ ҳам гўё мунтазири даъвати ў буд, ки зуд худро расон.

Мошинро бо суръати балан меронд.Мехост ба Cадафаш ба гавҳари дарёияш бирасаду ба пеши пояш афтад, узр пурсад, гиряву зорӣ кунад, то ки ўро бахшад.Гуселкуниҳои нозанинаш ба хотираш расид.

-- Боз мошинро бо суръати баланд наронӣ!Ягон одами калонсолро дидӣ савор кунӣ, дуо гирӣ, то ба хам хушбахт шавем.Оби хунук нанўшӣ, хўроки сахт нахўрӣ.Ягон камбағал, ки ба мағоза омад, пулашро нагирӣ,ба вай садақа кунед.Майлаш ҷонам?

-Майлаш, ягон фармони дигар нест, азизакам?

-Инҳо фармон не, хоҳишанд, шумо ба ў фаҳмонед холачон!

-Духтарам рост мегўяд.-Суханони келинашро тасдиқ мекард, хушдоманаш.

Чарғак сурх шуд.Мошини боркаш ба он тарафи рох мегузашт.Шодӣ чанбараки мошинро сахт дошта мехост онро манъ кунад.Исто Бехрўз! Чароғак.Ў вақте ба худ омад, аллакай мошинаш ба зери мошини боркаш даромада буд.Беҳрўз ба дари мошин такя карда буд. Пойҳояш сахт дард мекарданд. Шонаҳояш месўхт.Ногоҳ аз пешонияш оби гарме оҳиста ба руйи чашму бинияш чакид.Бо дасти росташ,кикаме меҷунбид, пешонияро ламс кард.Дасташ пур аз об не,балки хун шуд.Аз карда пушаймон ашк мерехт. Аз сўйи Шодӣ садое намебаромад, маълум,ки кайҳо ҷон додааст.Ба суйи Худованд зориву тавлло мекард, ба ў ҳамон қадар вақт диҳад, то аз Садаф бахшиш пурсад, бегунохии ўро ба хама бигўяд, дигар чизе намехоҳад. Резиши хун торафт зиёд мешуд. Тамоми рўяш пур аз хун шуда буд, чашмонаш дигар кушода намешуд.

Вақте Беҳрўз чашмонашро кушод, дар болои сараш табибонро дид. Бисёр саросема буд.Гўё касе мунтазири ўст ва ҳушдор дода истодааст, вақташ хеле кам аст.

-Духтур,-бо садои паст гуфт ў.

-Бале, писарам.

- Падару модарамро ҷеғ занед!

-Майлаш ҳозир.

Баъди як дақика онхо бо дидаи гирён даромаданд.

Ба Шодӣ чи шуд? Вай мурд?

-Не…

Пинҳон накунед!-Сухани модарашрпо бурида гуфт Бехрўз.- Ман худам медонам.

--Бале,писарам, ў мурд.

Ту худат чӣ хел?

Ман вақти зиёд надорам, муаллиму Садафро ҷеғ занед!

-Ҳозир писарам.

Овозаш бисёр хаста буд, канда-канда меомад.

Ногоҳ аз дар Садаф даромад.Бо дидани Садаф ў гўё ҷони дубора гирифт. Сарашро аз болишт бардошт. Хост ўро ба оғўш гирад, аммо натавонист.

-Ҷонам, Садафи ягонаам,қуввати дилу ҷонам. Муаллим канӣ?Аз хиҷолат омада натавонист, маро ҳам табибон базўр оварданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД