Oila Navruz
ҚИССАИ ШАБ: МЕҲМОН АЗ ОН ДУНЁ (ҚИСМИ 2)
21.11.2021
ДИЛОШӮБ
3784

Хабари марг

Кӯдакони Дилшода калонакак шуданд, худаш ҳам пули хуб меёфт, хусусан Саъдулло хуб дастгирияш мекард. Аммо ғами шавҳараш ҳеҷ оромаш намегузошт, як рӯз ҳевараш ба хонааш омада, ба ҷойи салому алейк гуфт:

-Хабари Ҷумъахонро ёфтем, ду сол пеш дар дарё ғарқ шудааст. Дар як деҳа дар наздикии Перм…-Ҳевараш гӯё дар бораи як бегона гап мезада бошад, инро гуфту аз ҷой бархост. Бечора Дилшода кӯдаконашро ба оғӯш гирифта, талх гирист, як сол мотам гирифт. Чилу солу панҷшанбегиҳои Ҷумъахонро дод, хусуру хушдоман, ҳеварҳояш омада мехӯрданду мерафтанд. касе намегуфт, ки чӣ ҳол дорӣ, Дилшода…

Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки «Бенавоёнро Худо рисқи ҳавоӣ медиҳад» , зани меҳнативу сарфакор, ки буд, зиндагияш баракат дошт. Ҳамин тавр, солҳо сипарӣ гаштанд, хостгорон низ буданд, аммо Дилшода ҳастияшро фидои фарзандонаш намуд. Фарзандонаш ба воя расиданду мактабро хатм намуданд, ӯ худаш дар зиндагӣ ранҷи зиёд, ки дида буд, Ҳасанро ба шӯъбаи ғоибони Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Фотимаашро ба коллеҷи тиббӣ дохил кард. Ҳасан дар мактаб ба ҳайси муаллими математика ба кор даромад, Фотима низ коллеҷро хатм карда, ба писари холааш ба шавҳар баромад. Апаи калонияш Латифа, барои писари кенҷааш духтари ӯро келин намуд ва Фотимаву шавҳараш ба Русия барои зиндагӣ рафтанд. Дилшода як муаллимаи ҷавонро кайҳо зери чашм карда, барои Ҳасанаш монда буд, аммо Ҳасан пойро дар як мӯза тиқонда, “аввал хона месозам” гуфт. Дилшода ба хотири писараш тамоми гову молашро фурӯхт, домодаш аз Русия маблағи хуб фиристод, боз Саъдулло низ ёрияш карду онҳо чор дар хонаи бо тамоми шароиташ сохтанд. Як соли дигар барои ҷиҳози дарунаш кор карданд ва оқибат як соли дигар пулу мол ҷамъ карда, дар синни бисту шашсолагӣ Ҳасанро хонадор карданд. Мастона келини хубе баромад, намемонд, ки хушдоман дасташро ба оби хунук занад, аммо Дилшодаи коромӯхта кори мактабро напартофт. Саъдулло аспхонаашро калонтар карда, ду саис гирифта бошад ҳам, Дилшода аз аспҳои ӯ бохабар мешуд. Намаки додаи ин ҷавонмардро пос медошт.

                             Меҳмон аз он дунё

Рӯзи якшанбе буд, Саъдулло дар хонааш маърака дошт ва Дилшода субҳи барвақт бо хоҳиши модари кампири додархондаш он ҷо ҳозир шуд, зеро гирифтани дастархони меҳмонон ва ҷо ба ҷо кардани онҳо чун ҳарвақта бар дӯши Дилшода буд. Нав маърака ба охир расида буду Дилшода назди модари Саъдулло нишаста, як пиёла чой гирифта буд, набуд, ки келинаш занг зада гуфт:

-Очаҷон, як мардак омадааст, меҳмон, ба фикрам аз роҳи дур аст, бо таксӣ омад.

-Ба Ҳасан занг зан, биёяд,- гуфт Дилшода, вале келинаш аз он тараф гуфт, ки Ҳасан ҳамроҳи як рафиқаш моҳигирӣ рафтаанду телефонаш куштагӣ аст. Дилшода бо аҳли хонадони додархондаш хайрухуш карда рафтанӣ шуд, ки апаи калонии Саъдулло гуфт, ки ӯро бо мошин мебарад. Зани Саъдулло барояш чизу чораи бисёре баст, хӯрок ҳам гирифт, Дилшода “о ман барои келин ошу ширинӣ фиристода будам, бас аст” гӯяд ҳам, ба ӯ касе гӯш накард. Рухсора, апаи Саъдулло ӯро дар як мижжа задан ба хонааш бурд. Дилшода дар роҳи дур хешони модарӣ дошт, ки баъди вафоти падару модараш омаданашонро бас карда буданд, дигар касе надошт, агар онҳо биёянд, хонаи падарияш мерафтанд… ин кӣ бошад, ҳайрон буд зан. Келинаш савғоҳои овардаи ӯро аз пушти мошини Рухсора фароварду ӯро гусел кард. Дилшода шитобон ба меҳмонхона даромаду ба пешвозаш марди лоғари сафедкандаи мӯйи сараш мошу биринҷе бархост, ӯ Ҷумъахонро шинохта, як бор “аййййй” гуфту аз ҳуш рафт. «Меҳмон»-у келинаш ӯро бо як азоб ба ҳуш оварданд, доду войи келинашро шунида, ҳаққу ҳамсоя давида омаданду хонаашон пури одам шуд. Ҳамсояҳо аксар оилаҳои ҷавони навхона буданд ва Ҷумъахонро намешинохтанд ва Дилшода ба келинаш гуфт: “хусурат аст…”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД