arzon replenishment
Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 450% зиёд шудааст
235

Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар 10 соли охир дар Тоҷикистон 450% зиёд шудааст. Дар ин бора Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода гуфт, нақшаи истеҳсоли ин метали гаронбаҳо 117% иҷро шудааст.

Корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои қиматбаҳо дар соли 2023 дар маҷмӯъ ба маблағи 13, 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 811 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳаи мазкур 29% ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 корхонаи калони саноатӣ бо технологияҳои муосиртарини ҷаҳонӣ ифтитоҳ карда шуд, ки дастоварди бузург дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои қимматбаҳо мебошад.

Аз ҷумла 5-июли соли 2023 сарвари давлат дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислороди адсорбтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов ва полоишгоҳи №3 дар Корхонаи муштараки “Зарафшон” ҳусни оғоз бахшида буданд.

Бояд тазаккур дод, ки корхонаи металлургии мисгудозии КМ “Зарафшон” иқтидори дар як сол коркард намудани 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дорад.

Дар соли 2023 Пешвои миллат ҳамчунин дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”-ро ифтитоҳ намуданд, ки дар як сол 900 ҳазор тонна маъданро коркард менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД