Каримҷон Ғафуров: Хандед, то “балансировка”-и умр риоя шавад
149

Каримҷон Ғафуров аз чеҳраҳои намоёни санъат буда, қариб 40 сол мешавад, ки бо истеъдоди нодир ва заҳматҳои зиёди эҷодӣ саҳнаи театр ва ҳаҷву синамои тоҷикро рангоранг месозад. Ин марди ҳунар мактаби зиндаи ҳаҷв ва намунаи устувори эҷодӣ буда, дар дили ҳазорон тамошобин маъво гирифтааст. Каримҷон Ғафуров солҳо дар театр-студияи овозадори "Хандинкамон" ва "Коно ва Доно" ҳунарнамоӣ карда, имрӯзҳо дар "Театри халқии Истаравшан" фаъолият бурда истодааст. Ӯ дар суҳбат бо мо аз хотираҳои ҷолиби театру синамо, дидору вохӯрӣ бо тамошобин ва роҳи пурифтихори эҷодиаш нақл кард.

- Ҳазлу шӯхиҳои намакин ва образҳои барҷастаи шумо дар театру синамо солҳост, ки ба мардум рӯҳия мебахшанд. Лутфан бигӯед чӣ боис шуд, ки ба олами ҳунар рӯй оред?

- Воқеан дар зиндагии инсон давраи наврасӣ нақши муассир дорад. Дар ҳамин марҳила пайроҳаҳои зиёде ба кас боз мешаванд. Ман ҳам аз хурдӣ орзу мекардам, ки ҳунарманд шавам. Мехостам мисли Чарли Чаплин, Раҷ Капур ва ё дигар ҳунармандони ҷаҳонӣ бошам. Пештар телевизор дар ҳар хона набуд. Дар як деҳаи калон фақат як ё ду нафар телевизор доштанду халос. Аз ин сабаб ҳамин ки ягон филми нав меомад, онро дар кӯчаҳо намоиш медоданд, то ки мардум тамошо кунанд. Сокинони деҳа бо шунидани он ки филми нав овардаанд, хурсандона бо кӯрпаву кӯрпачаҳояшон ба майдон омада бо шавқ кино тамошо мекарданд. Ҳар гоҳ, ки   филми наверо тамошо мекардам ин орзуву хоҳиши ман бештар мешуд. Аз ҳамон лаҳза меҳри ҳунар дар дилам маъво гирифт. Доимо бо ҳамсолонам ҳар он филме, ки аз телевизион медидем, дарҳол тақлид карда ба саҳнаи деҳа намоише мегузоштем. Сабаби дигари ба ҳаҷв рӯй оварданам дар шӯхтабиату ҳазлгӯй будани падарам аст. Ҳарчанд қиблагоҳӣ дар 4 -солагиям вафот кардаанд, аммо маҳорати ҳазлгӯиву аскиягӯияшон ба ман мерос мондааст. Ба гуфти мӯйсафедони деҳа падарам ҳамеша бо латифаҳои намакини хеш дили ҳамагонро шод мекардаанд. Баъзе рафиқонашон мегӯянд: “ту ҳоло ба он дараҷае, ки падарат мардумро шод мекард, нарасидаӣ!”. Ҳамин тавр ба олами санъату ҳунар рӯй овардам ва солҳост ки ба эҷод машғулам.

- Шуморо дӯстдорони театру синамо "Чарли Чаплини тоҷик" унвон кардаанд. Худи шумо ин ташбеҳро чӣ гуна қабул мекунед?

- Ростӣ ин номро бори аввал сарояндаи мумтози тоҷик, устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов гузошта буданд. Устод ҳар бор, ки дар ягон намоиш ё консертҳо медиданд бо зарофати ба худ хос "Чарли Чаплини тоҷик" омад гӯён истиқбол мекарданд. Боре як озмуни ҷумҳуриявие баргузор шуду Фатҳулло Абдуллоев пешниҳод намуданд, ки нақши Чарли Чаплинро бозам. Офаридани ин образро, ки орзуи кӯдакиям буд бо ҷону дил қабул кардам. Чун образи офаридаам ба Чарли Чапин хеле монанд буд, аз тарафи тамошобинон ва аъзои ҳакамон хеле хуб пазируфта шуд ва гурӯҳи мо сазовори ҷойи аввал гашт. Хуллас аз ин ташбеҳи устоду мухлисони театр ва ҳаҷву ханда хушҳолам.

- Фаъолияти эҷодиву ҳунарии шумо аз кадом театр оғоз ёфтааст?

- Фаъолияти эҷодии ман аз Театри халқии Истаравшан оғоз ёфтааст гӯям хато намешавад. Дар Театри халқии шаҳри Истаравшан муддате ба сифати коргардон фаъолият намудам. Аз ҳамон вақт ба саҳнаҳои ҳаҷвӣ рӯ оварда, кам-кам сенария менавиштам. Дар ҳамон давраҳо бо Умеда Сатторова, Саодат Шарипова, Қайюм Бойқӯзиев ва Каримҷон Бобоев ҳамкорӣ карда, чанд намоишномаро ба саҳна монда будкм. Соли 1997 Фатҳулло Абдуллоев ба театри мо омаданду фаъолиятамон васеътар шуд. Мо бо роҳбарии он кас намоишномаи ҳаҷвии "Коно ва Доно"-ро нахуст дар сатҳи вилоятӣ ва баъдан ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштем.

- Театрстудияи "Коно ва Доно" пештар дар шаҳри Душанбе ҳам фаъолият мекард?

- Бале ин театрстудия пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард ва дар ҳамон ҷо таъсис ёфтааст. Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ якчанд театрҳо фаъолияти худро қатъ намуданд, аз ҷумла театрстудияи “Коно ва Доно” низ ҳамон солҳо аз фаъолият боз монд. Баъдан соли 1998 бо пешниҳоди Фатҳулло Абдуллоев дар шаҳри Истаравшан театрстудияи мазкур аз нав барқарор шуду то соли 2003 барномаҳои ҳаҷвии худро рӯйи саҳна гузошт. Баъди ташкил шудани театрстудияи “Хандинкамон” мо ба он пайвастем ва то соли 2010 ҳамкорӣ кардем. Баъди чанд соли фаъолияти якҷоя бо “Хандинкамон” ба қароре омадем, ки боз театрстудияи “Коно ва Доно” – ро аз нав эҳё намоем. Ҳамин тавр солҳо ману Фатҳулло Абдуллоев, Гулбаҳор Ғаффороваю Сулаймон Сайидғозиев намоишҳои зиёди ҳаҷвӣ гузоштем. Инчунин дар ҳамкорӣ бо телевизиони "Сафина" барномаҳои зиёди ҳаҷвӣ ба навор гирифтем.

- Театри халқии Истаравшан, театр-студияи "Хандинкамон", “Коно ва Доно” аз ин се мактаби бузурги ҳунар чӣ хотираҳо доред ва чиҳо омӯхтед?

- Албатта, ҳар як театр-студияву театр, иштирок дар филмҳо ва ҳатто рекламаву намоҳангҳо барои рушди пайвастаи ҳунарманд мусоидат мекунад. Агар аз як тараф Шумо образи наве офаред аз тарафи дигар аз таҷриба ва маҳорату малакаи дигар ҳунармандон боз баҳра мебаред. Фикр мекунам на танҳо кор дар мактабҳои бузурги санъат, балки дар ҳар як эпизод ва ё лаҳзаҳое, ки ҳунарманд нақш меофарад чизе меомӯзад.

- Дар фаъолияти касбии шумо кадом лаҳзаҳо ҳамчун бурд ва кадомашон ҳамчун бохт дар ёдатон монд?

- Ростӣ дар ягон филм ё намоиши театрӣ ман қаҳрамони меофаридаамро интихоб намекунам. Дар баъзе филмҳо кӯтоҳтарин лаҳза ва эпизодро офаридаам. Кӯшиш мекунам ҳар як образи қаҳрамонамро новобаста аз он ки якчандлаҳзаина аст ба таври мукаммал офарам. Солҳо дар театр-студияҳои ҳаҷвӣ ва театри халқии Истаравшан будам. Имрӯзҳо низ дар ин театр фаъолият мекунам. Бурди ман ҳамин аст, ки тавонистам бо вуҷуди мушкилҳои зиёд ҳунарманд шавам.

- Боре ҳангоми сабти рекламаву намоҳанг ё филмҳо дучори мушкилӣ шудед?

- Мушкилӣ неву ҳодисаву воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд. Баъзан ҳарчанд тайёриҳои пухта мебинем, вале ҳангоми офаридани образи қаҳрамон нохост моро ханда ва ё ҳаяҷон зер мекунед. Ҳатто барои сабти як-ду лаҳза, ки 2-3 дақиқро ташкил медиҳад соатҳо тул мекашад. Ва албатта бо як хандаву шӯхӣ аз нав боҷиддият боз сабти наврро идома медиҳем.

- Аз нигоҳи шумо рисолати ҳаҷву ҳаҷвнигор дар замони муосир аз чӣ иборат аст?

- Мутаассифона, имрӯзҳо ҳаҷв рисолати азалии худро аз даст дода истодааст. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои ҳаҷвии ба қавле бемаънӣ шудаанд. Дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ бояд камбудиву нуқсонҳои зиндагиро ба таври танз нишон дод. Ҳаҷвнигор ё нафаре, ки навори ҳаҷвӣ сабт мекунад, на танҳо мардумро бихандонад, балки ба андеша водор созад. Ана он ҳаҷв метавонад аз ҳазор сухани ҷиддӣ муассиртар бошад.

- Муаллифи намоишномаҳое, ки рӯйи Театри халқии Истаравшан мегузоред худатон ҳастед?

- Бале то имрӯз ғайр аз намоишҳои ҳаҷвӣ боз намоишҳои тарбиявӣ навиштаам. "Заҳрпечак", "Раҳгумзада" "Пора" ва дигар намоишномаҳо, ки дар он мавзӯъҳои доғи ҷомеа матраҳ шудаанд. Ин ҳамаро рӯйи саҳна гузоштаем.

- Алҳол дар куҷо кору фаъолият доред?

- Дар Театри халқии Истаравшан ва дар мактаби санъати бачагона ба хонандагон маҳорати актёрӣ омӯзонда истодаам. Ҳоло шогирдонам Абдулло Турсунов, Алӣ Гадоев, Абӯбакр Эргашев, Раман Кабанов дар намоишномаҳои театри халқӣ пайваста нақш меофаранд. Ҳамзамон писарам Шаҳзодҷон Ғафуров домони пешаи падарро гирифтааст. Вай тӯли ду сол дар Театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд фаъолият кард. Имрӯзҳо дар Театри халқии Истаравшан кор карда истодааст. Ғайр аз мактаби санъат вақте ба сабти филмҳо даъват мекунанд, меравам. Дар филмҳои зиёди тоҷикӣ аз ҷумла қисми якуму дуввуми "Келинпошшо", "Парӣ аз паси кӯҳи Қоф", "Соҳили мурод", "Саргузашти наврӯзӣ", "Супертаксӣ", "Войдод", "Хонадомод" ва дигар филмҳо нақш офаридаам.

- Паёми шумо ба мухлисони азиз, ки имрӯзҳо муштоқи саҳнаҳои ҳаҷвии шумо ҳастанд, чист?

- Дар чандин суҳбатҳоям таъкид кардаам. Такрор ҳам шавад мегӯям кашидани як дона сигор панҷ дақиқа умри инсонро кӯтоҳ мекардааст. Як хандаи аз таҳти дил панҷ дақиқа умри инсонро дароз мекардааст. Пас, аз таҳти дил бихандед, то "балансировка"-и умратон ҷо ба ҷо шавад… Мо ҳаҷвнигорон як шиор дорем ва доим ба мардум мегӯем “хандед, хандед ва боз хандед”.

- Ташаккур барои суҳбати саршор аз меҳр!

- Саломат бошед!

Мусоҳиб Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД