Хонандагони азиз, мани бадбахт розиям, ки худамро кушаму дигар рӯйи одамонро набинам, зеро ҷонам аз ранҷу озори бисёр ба лабам расидааст.
Шояд пурсед, ки маро чӣ аз ҷони ширин безор кардааст? Дарди ман рехтани мӯйҳоям аст. Ба дари садҳо табиб рафтам, вале касе ба дардам даво наёфт. Доруву дармони додаашон баръакс ҳоламро бадтар карда, маро ба аҷузаи ҳақиқӣ монанд сохт. Фақат мӯям мерехт, дарди бахайр буд, вале бар замми ин, бадафт ҳастам. Мардум аз ман ҳазар карда, маро бубинанд, дарҳол роҳашонро дигар мекунанд ё дарвозаашонро мепӯшанд.
Ягон дугона надорам, ягон кас намехоҳад бо чунин аҷуза дӯстӣ кунад. Мегӯянд одамизод бояд ба тамоми додаҳои Худованд шукр намояд, вале ман аз парвардигор домангирам, ки маро чунин баднамуд офаридааст. Аз чунин безеб будану ҳар рӯз аз мардум таҳқиру хорӣ дидан мурдан авлотар аст.
Корам шабу рӯз гиряву нола аст. Нолида-нолида, Худоро зорӣ мекунам, ки ҷонамро гирифта, маро аз хандахариши одамон гаштан халос кунад, вале аз афташ парвардигор ҳам аз чунин бандаи бадафт безор аст, ки дуоямро мустаҷоб намегардонад. Намедонам дардамро ба кӣ гӯяму аз кӣ мадад пурсам. Синнам ба 37 расидааст, вале касе талабгорам намешавад. Одами тасодуфан маро дар роҳ дидагӣ ҷину аҷина ё ягон махлуқи дигар гумон карда, фарёдзанон мегурезад.
Мехоҳам худкушӣ намоям, вале метарсам, ки ба амонати Худованд хиёнат намуда, ба ғазаби парвардигор гирифтор мешавам ва то қиёмат дар оташи сӯзони ҷаҳаннам месӯзам.
Ҷ.