Дастаи футболи «Истиқлол» аз имзои шартнома бо дарвозабони нав - Денис Кавлинов хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин дарвозабон, ки қадаш 190 см аст, тарбиятёфтаи академияи КФ «Краснодар» буда, таҷрибаи зиёди бозӣ дар сатҳи касбӣ дорад. Ӯ дар чемпионатҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон бозӣ кардааст. Охирон дастаи Денис тими «Жетису» буд.
Дар феҳристи корномаи Кавлинов 215 бозӣ, аз ҷумла 64 бозии бе дарёфти гол сабт шудааст.
Шартнома бо дарвозабони нав то 30-юми ноябри соли 2026 ба тасвиб расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Денис Кавлинови рус дар дарвозаи «Истиқлол» Никола Стошичро иваз кард. Стошич ба ҳайати тими «Хоразм»-и Ӯзбекистон гузашт. Никола Стошич ду мавсими охир дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард. Ҳоло Стошич бо тими «Хоразм» шартномаи дусола имзо кардааст. Мутахассиси тоҷик Ҳаким Фузайлов сармураббии тими «Хоразм» мебошад.