Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 78)
03.04.2020
А. ҲОҶӢ
2205

(Давомаш)

Доктор Салим аз чойники болои мизаш як пиёла чой кашида ба тарафи Холбибӣ дароз кард ва андешамандона ба суханаш давом дод:

-Ман дар ин чанд рӯзе, ки муаллим дар бемористон аст, аз бисёр чизҳо огоҳ шудам ва сабаби ба ҷарӣ афтодани беморро ҳам фаҳмидам. Марди баномус будааст, барои ҳамин тоқати таънаю маломати мардум накарда, хостааст худро аз ҳаёт маҳрум кунад. Сабабашро ана ин духтарам,-ба Садоқати дар болои курсӣ амонат нишаста ишора намуд доктор,- хубтару беҳтар медонад. Байни онҳо моҷаро шудагӣ ва ин мард барои халос шудан аз беобрӯӣ роҳи ҳалли масъаларо танҳо дар худкушӣ дидааст...

-Духтурҷон, ману вай ягон хел моҷаро накардаем, танҳо вақте, ки ӯро бо як духтар дар вақти бӯсу канор дидам, ман тоқат карда натавониста кӯдакамро гирифтаму ба хонаи модарам рафтам. Шудагӣ кор ҳамин. Баъд фаҳмидам, ки ба ҷарӣ афтодааст...

-Ин ҳодиса баъд аз чанд рӯзи ба хонаамон баргаштани духтарам рӯй дод ва сабаби асосиашро мо намедонем. Танҳо ҳаминашро фаҳмидем, ки Муртазо бо кадом духтаре гӯё никоҳ карда, аз баҳри зану фарзанди худаш гузаштааст...

-Ман андаке ҳам бошад, зиндагиро дидаам ва ҳоло ба шумо аниқ мегӯям, ки сабабгори ҳамаи ин фоҷиаҳо як духтаре аст, ки баъд аз ба бемористон овардани муаллим чанд бор ман ӯро дар ин ҷо дидам. Намедонам байни онҳо чӣ гузаштааст, аммо баъд аз он, ки ин духтар ба палатаи бемор даромад, аҳволи ӯ якбора бад шуд. Ман ба зиндагии шумо дахолат карданӣ нестам, танҳо мехоҳам вазифаи худро ҳамчун духтур то охир иҷро кунам, бинобар ин ба назди бемор даромадани ҳамаатонро манъ мекунам, ба ҷуз...

-Ба ҷуз кӣ?- Ба гап ҳамроҳ шуд Фирӯз, ки то ин дам хомӯшона ба суханони онҳо гӯш медод.

-Ба ҷуз занаш...

-Барои чӣ маҳз ӯ, охир ҳозир худаш ба шумо гуфт, ки баъд аз дидани хиёнати шавҳараш ӯ писарашро гирифта рафт. Баъдтар шавҳараш ба ӯ занг зада талоқашро додааст. Инашро апаам ба шумо нагуфт. Доктор, худатон фикр кунед, магар баъди ҳама ин ҳодисаҳо онҳо якдигарро дидан мехоҳанд?

Духтур бо табассуми ноаёне пиёлаи холишудаи чойро ба даст гирифта, ба он дубора чой рехт ва ба Фирӯз дароз карда истода оромона ба гап даромад:

-Медонед чӣ, ҷавони нағз, барои он ки психологияи бемор ва ҳолати равонии ӯро фаҳмӣ, на танҳо илм, балки таҷриба ҳам доштан даркор. Таҷрибаи ман шукри Худо зиёда аз сӣ сол аст ва ба шумо бо қатъият мегӯям, ки апаатон аз шавҳараш ҳаргиз дил накандааст ва шавҳараш ҳам аз вай дил кандагӣ нест...

-Нафаҳмидам?

-Акнун фаҳмед, вақте ки бори аввал апаи шумо ба назди шавҳараш даромад ва бо ӯ ҳамсуҳбат шуд, пас аз рафтанаш ман дар бемор ҳолати беҳтаршавиро дарёфтам, аммо инро танҳо мо-духтурон ва...ва... модарон эҳсос карда метавонанд. Барои ҳамин, шумо аз номи он кас хулоса набароред... Ҳамин тавр не, духтарҷон?-Ба Садоқат рӯй гардонд доктор...

Садоқат сарашро хам кард...

-Барои ана ҳамин ман шумоёнро даъват кардам, зеро ба хулосае омадам, ки барои беҳ шудани аҳволи бемор дар наздаш будани занаш зарур аст. Фақат як хоҳиш, шумо ҳарчанд нисбати шавҳаратон даъвоҳои зиёде дошта бошед ҳам, аммо ҳамаи онро фаромӯш кунед, ақаллан як муддати муайян,- инро гуфта доктор Салим ба Садоқат наздик шуда, аз дасташ гирифт ва ба суханаш идома дод,-шумо бояд дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз ӯро дастгирӣ кунед. Барои ману шумо Муртазо ҳоло бояд танҳо беморе бошад, ки ба парасторӣ ва сухани хуб ниёз дорад. Вақте ки сари по хест, мушкилот худ аз худ ҳал мешавад...

-Духтур, шумо боварӣ доред, ки ӯ мисли пештара сиҳату солим мешавад?-Бо диққат ба чеҳраи духтур нигариста пурсид Фирӯз.

-Инаш аввал аз мою шумо вобаста аст, зеро мушкилоти ӯ бештар мушкилоти равонӣ аст. Шикастагию захмҳои муаллим ба зудӣ барқарор мешаванд, чунки ҷавон аст. Танҳо пои росташ, ки аз се ҷо шикастааст, шояд каме кӯтоҳтар шуда андаке лангад...

Садоқат сарашро бардошта гуфт:

-Духтурҷон, ҳатто як пой надошта бошад ҳам, сиҳат шавад шуд!

Бо шунидани ин суханони Садоқат ҳам модараш ва ҳам Фирӯз ба ҳайрат афтоданд, доктор бошад табассум карда гуфт:

-Аҳсан, духтарам, зани ҳақиқӣ бояд ҳамин тавр бошад. Номат ба худат мувофиқ-Садоқат!

***

Ҳасратмоҳ, ки азми қавӣ дошт ба шаҳр, ба хонаи Ҷамила рафта, дар ҳаққи ӯ дуо кунад, баробари аз дари беморхона баромадан чашмаш ба мошини Фирӯз афтод ва дид, ки аз он Холбибӣ ва зани Муртазо фаромаданд. Хост бубинад, ки онҳоро духтур ба назди Муртазо мемонад ё не ва баъд ҳамроҳашон ба шаҳр раваду дар ҳаққи модари муаллим дуо кунад. Вақте ки ба долони беморхона ворид гашт, дид, ки доктор Салим онҳоро ба ҳуҷраи худ бурд. Аз паси онҳо рафт, то аз пушти дар ба суҳбаташон гӯш карда, фаҳмад, ки чӣ гап шудааст. Вақте ки суханони охирини Садоқатро дар бораи пойҳои Муртазо шунид, Ҳасратмоҳ тоқат накарда дари ҳуҷраи доктор Салимро боз кард ва аз дами дар гуфт:

-Бале Садоқат, духтур рост мегӯяд, туро номат ба амалат мувофиқ аст. Шавҳаратро касе аз дасти ту гирифта наметавонад. Духтари беақли ман аз кори кардааш сахт пушаймон аст... Дурӯғ аст, ки вай аз шавҳари ту фарзанддор шуда бошад. Никоҳи он муллои дайду ҳам дурӯғ аст. Шафоат номаъқул кардааст, Муртазо танҳо шавҳари ту асту халос! Аслан, ман дигар Шафоат гуфтанӣ духтар надорам. Пас аз он ки ин мори афъӣ ба назди Муртазо даромада, ҳоли ӯро дидаву дониста, хабари марги модарашро ба ӯ расонд, ман аз баҳри чунин духтари беандешаю бефаросати ноодам гузаштам! Ин каждумро ман аз куҷоям зоидаам, худам ҳам намедонам. Аз ту духтарҷон ҳазор бор узр мепурсам...

Ҳамаи ҳозирбудагони ҳуҷраи доктор Салим аз ин рафтору гуфтори модари Шафоат дар ҳайрат афтида, чӣ кор кардану чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Аввалин шуда доктор Салим ба худ омад ва ба Ҳасратмоҳ наздик шуда, аз китфаш гирифта, ӯро ба курсии холӣ шинонду аз чойник як пиёла чой рехта ба вай дароз кард ва гуфт:

-Андак ором шавед, баъд гап мезанем...

Ҳасратмоҳ аз пиёла як-ду ҳурт чой нӯшида, онро дубора ба рӯи миз гузошт ва ба суханаш идома дод:

-Духтарҷон, ман дар ин чанд рӯзи охир аз бисёр гапҳо огоҳ шудам. Духтари ман худаш гунаҳгор аст, хостааст, ки бо фиреб шавҳари туро ба домаш афтонад, вале аз уҳдаи ин кор баромада тавонист. Ҳайронам, охир дар ҷинси мо ин хел духтар набуд, Шафоат ба кӣ рафтааст, намедонам. Духтари нахустинам агар аз таваллудхона гум намешуд, шояд ман Шафоатро ин қадар эрка карда, балои ҷони худ намегардондам. Садоқатҷон, ту бо ман ҳамсояи хуб будӣ, дар дилам ба ту як меҳре доштам, ки на ба ҳар одами наздикам то имрӯз дорам. Фаҳмидам, ки модар надоштаӣ, дилам ба ту зиёдтар сӯхт...

-Шумо чиҳо мегӯед, хола? Модари мо дар рӯ ба рӯятон нишастааст,- Фирӯз ба шӯр омада аз ҷояш нимхез шуд, аммо Холбибӣ, ки дар паҳлӯи писараш нишаста буд, оҳиста аз дасташ кашида, ӯро ба ҷояш шинонд ва бо мулоиматӣ аз Ҳасратмоҳ пурсид:

-Раҳмат барои суханони некатон дар ҳаққи фарзанди ман, вале шумо аз куҷо фаҳмидед, ки Садоқат модар надоштааст?

Духтур, ки аз забони худи Садоқат ин таърихро фаҳмида буд, оромона интизори идомаи ин гуфтугузор шуд...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД