Arzon march 2024
Кӯдаки бегуноҳро ваҳшиёна кушта, ҷасадашро ба партовгоҳ партофт
570



Хабари куштори ваҳшиёнаи як кӯдаки 3-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагонро ба даҳшат овард. Зани бераҳме, ки даст ба чунин амали нангин задааст, кист?

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як ҷавонзани 22-солаи сокини кӯчаи Маърифати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст. Ин зани бераҳм даст ба ҷинояти гӯшношунид зада, духтарчаи сесолаи ҳамсояашро бо ваҳшонияти махсус, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад, ба ҳалокат расонида, ба гардани кӯдак чанд зарбаи корд задааст ва ҷасадашро дар партовгоҳ пинҳон кардааст.

Тавре ки аз гузориши ВКД бармеояд, гумонбар Манижа Эмомализода қабл аз содир кардани ин ҷиноят ҳангоми дуздӣ аз хонаи ҳамсояаш ба даст афтодааст. Ин зани сангдил барои он духтарчаи 3-солаи ҳамсояро дуздида, ваҳшиёна ба қатл расонидааст, ки ҳуши модари кӯдак ба гум шудани духтараш банд шуда, дуздӣ кардани ӯро фаромӯш созад ва овоза накунад.

Дар навор худи Манижа Эмомализода дар дохили ҳаммоми хонааш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл мекунад:
“Аз даҳонаш қапидаму як корд задам. Баъде, ки дуюмбора корд задам, ҷонаш баромад… Рафта латта овардам, болояшро бо латта пӯшонидам ва бурда дар партовгоҳ партофтам…”
Айни замон дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, санҷиши паҳлуҳои дигари ин қазияи хунин аз ҷониби мақомот идома дорад. Тахмин меравад, ки Манижа Эмомализода солҳои зиёди умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД