sebiston july new
Кӯдакон бе иҷозати волидон шаҳрванд мешаванд
1208

 

Думаи давлатии Россия ба “Қонун дар бораи шаҳрвандӣ" тағйироти наве ворид намуд, ки тибқи он минбаъд кӯдакон бе иҷизоти волидон низ шаҳрвандии Федератсияи россияро ба даст оварда метавонанд.

Тибқи тағйироти воридшуда, акнун оилаҳое, ки яке аз ҳамсарон шаҳрвандии Руссияро дорад, барои шаҳрвандии Россияро ба даст овардани кӯдаконашон ба иҷозати волидайни дуюм ниёз надоранд, яъне, агар падар шаҳрванди Россия бошад, бе иҷозати модар низ фарзандонаш метавонанд шаҳрвандии Россияро ба даст биёранд ва баръакс.

Бар асоси тағйиротҳои ба қонун воридшуда шахсоне, ки дар амалҳои терористӣ даст доранд, бар зидди ҳукмат ва сохтори давлатӣ баромад кардаанд, бо қочоқи маводи мухадир ва психотропӣ, таҳия кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ машғуланд ё дигар ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, шаҳрвандиашон бекор карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД